ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ ГУРӮҲИ ҶАВОНОНИ АВАНГАРД (ПЕШОҲАНГ) ДАР СОЛИ 2018 ФАЪОЛИЯТИ ГУРӮҲ ДАР ТАМОМИ САМТҲО БА ПЕШРАВИҲО НОИЛ ГАРДИДА НАҚШАҲОИ ШАШ МОҲАИ ДУЮМ НИСБАТ БА ШАШ МОҲАИ ЯКУМИ СОЛИ 2018 ДАР МАҶМУЪ 2,5 БАРОБАР ЗИЁД ИҶРО ГАРДИДААСТ.
Имрӯз (санаи 4 - уми январи соли 2019) дар толори конфронсии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҷамъбасти фаъолияти Гурӯҳи ҷавонони Авангард (Пешоҳанг) баргузор гардид. Дар вохурии мазкур рохбари Гурӯҳи ҷавонони Авангард (Пешоҳанг) Қодиров Фирӯз, Роҳбарони самтҳо аз донишгоҳу донишкадаҳо ва ҳамзамон аъзоёни фаъоли гуруҳ ширкат варзиданд. Дар ҷаласаи якҷоя, ҷамъбасти фаъолияти гуруҳ барои соли 2018 ва банақшагирии ғояхои тозаэчод баҳри фаъолияти гурӯҳ дар соли 2019 матраҳ карда шуданд.Дар рафти чорабини супоришҳо аз ҷониби роҳбарият ҷиҳати ҷоннок намудани фаъолияти гурӯҳ бахусус дар самти ташвиқу тарғиби сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои вазоифу супоришҳои ВКД ҶТ ба самъи иштироккунандагон расонида шуд.
Инчунин ёдовари аз дастовардҳои соли 2018