TOJ :: RUS:: ENG

Иштироки ҷавонон дар бартарафсозии таҳдидҳои замони муосир

 

Дар конференсияи имрӯза Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам аз рӯи мавзӯи «Таҳдидҳои замони муосир ва иштироки ҷавонон дар бартарафсозии онҳо» баромад намуд. Ӯ қайд кард, ки солҳои охир гурӯҳҳои ифротӣ ва идеологҳо бо тамоми воситаҳои ҷалбкунӣ корҳои ташвиқу тарғиботӣ ақидаҳои ғаразноки худро ба ҷавонон бор карда, онҳоро гумроҳ месозанд. Омилҳои зиёд ҳастанд, ки ҷавонон ба доми ин гурӯҳҳои ифротӣ меафтанд, пеш ҳама ин аз сатҳи пасти дониши сиёсию иҷтимоӣ, надонистани анъанаҳои гузаштагони худ ба вуҷуд меояд. Бар зидди ин идеологҳои ғаразнок танҳо дар якҷоягӣ ва якдилии тамоми ҷавонон муқобил истодан мумкин аст. Ҷавононро зарур аст, ҳушёриву зиракиро аз даст надода, пойбанди гурӯҳҳои ғаразнок нагарданд. Ҷавонони кишвар бояд дар мубориза бо таҳдидҳои муосир мубориза бурда, дар гирди Президенти ҷумҳурӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ шуда, дар рушду тараққӣ ва ободию осудагии кишварамон иштироки фаъол дошта бошанд.     

Add comment

Security code
Refresh