TOJ :: RUS:: ENG

Муттаҳидию якдилӣ бар зидди терроризму экстремизм

Аҳмадхуҷа Давлатов - магистранти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз дар мавзӯи «Эҳтироми ҷавонон ба арзишҳои миллӣ» баромад намуда, ҷавонони кишварро ба ҳушёрию зиракии сиёсӣ ва роҳ надодан ба ақида ва фарҳанги бегона, саҳм гузоштан дар ободии кишвар даъват намуд. Зикр кард, ки ҷавонон сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро якдилона ҷонибдорӣ намуда, дар паҳлӯи якдигар аз як гиребон сар бароранд. 

Ҳамчунин дар идома, муовини сардори факултаи 2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Асламов Бозоралӣ Сафаралиевич - аз рӯи мавзӯи «Ҳизбу ҳаракатҳое (террористӣ, экстремистӣ), ки тибқи Қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламравии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияташон қатъ гардидааст» баромад намуд. Зикр гардид, ки баъди ба даст омадани Истиқлолияти Тоҷикистон вазъи геополитикии минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ба куллӣ тағйир ёфт. Дар хориҷи кишвар, алалхусус дар кишварҳои Покистону Афғонистон ҳизбу ҳаракатҳое ба вуҷуд омадаанд, ки мақсадашон ноором сохтани вазъи иҷтимоӣ-сиёсӣ ба шумор мерафт. Теъдоди чунин ҳизбу ҳаракатҳо зиёд буда, 17-тои онҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияташон манъ шудаанд.

Ба ин нигоҳ накарда, аксари онҳо кӯшиш менамоянд, ки бо роҳи паҳн намудани адабиёти ифротгароӣ ҷавононро ба худ ҷалб намоянд, ки ин амнияти мардумро халалдор месозад. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ чандин намояндагони созмонҳои «Ансоруллоҳ», «Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон», равияи манъшудаи «Салафия», «Ҳизбут-таҳрир», «Ан-нусра» ва ғайра муайян карда шуда, ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.

Аз ин рӯ, муқовимат бо экстремизму терроризм, яке аз мавзӯҳои асосии ҷомеаи имрӯза ба ҳисоб рафта, дар ин самт мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ чорабиниҳои мушаххаси пешгирикунанда мегузаронанд.

Ин конференсия ҷавонон ва донишҷӯёни тамоми манотиқи кишварро баҳри ҳамкорӣ бо мақомоти милитсия дар мубориза зидди ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистидошта ва таъмини суботи ҷамъиятӣ боз ҳам муттаҳид мегардонад.     

Add comment

Security code
Refresh