TOJ :: RUS:: ENG

ДИИШ ва Ховари Миёна

Чанд  соли охир дар кишвари мо ба ислом таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мешавад. Дар расонаҳо оид ба сохтмони масҷидҳои замонавӣ, нашри китобҳои динӣ, мақолаҳои илмиву оммавӣ роҷеъ ба мавзӯъҳои ислом ва таъсири он ба ҷаҳони имрӯза иттилооти зиёд вомехӯранд. Дар баробари ин баъзе олимон, диншиносон, сиёсатмадорон ва аҳли дигари ҷомеа «исломи сиёсӣ»-ву терроризм, экстремизм, тундгароӣ, ба сафи ДИИШ (Давлати исломии Ироқу Шом) пайвастани иддае аз ҷавонони тоҷик, сабабҳои ба миён омадану оқибатҳои ногувори ин ҳолат ва роҳҳои раҳоӣ аз онро ба риштаи таҳлил мекашанд. 

Воқеаҳои  фоҷеабори солхои  охир дар Сурия, Афғонистон, Покистону Ироқ баамаломада сокинони  сайёраро ба андешаву нигаронӣ мувоҷеҳ сохтааст. Кушторҳои кӯдакону занон дар Давлати ба ном исломӣ, ки аз ҷониби террористон сурат мегиранд, исботи оштинопазирии гурӯҳҳои мусаллаҳи ифротгарои ба ном «исломӣ» бо исломи ҳақиқӣ мебошад. Густариш ёфтани  амалҳои  террористию  экстремистӣ дар шаҳру минтақаҳои мухталифи ҷаҳон ҳамагонро  ҳушдор медиҳад, то аз бетарафию хомӯшӣ канора ҷуста, мавқеи  худро муайян  созанд. Гурӯҳҳои  экстремистӣ барои расидан ба  мақсадҳои  нопоки сиёсии худ ба амалҳои бешарафона даст зада, аз қатли кӯдакон ва занони бепаноҳ рӯй намегардонанд.

Дар зери шиорҳои «ҷиҳоду ғазовот»  мехоҳанд  «бемории бедавояшон»-ро ба кишварҳои  дуру ҳамсоя  таҳмил диҳанд. Бо ин кирдорҳои носолимашон мехоҳанд  дунёро дар гирдоби тарсу даҳшатҳои  тасаввурнопазир нигоҳ доранд ва бо ин васила мавқеи  сиёсии худро мустаҳкам намуда, соҳиби иктидор гарданд.

Рафтори разилонаи гурӯҳҳои ҷиноятпеша, барои бархе аз ҷавонони  тоҷик, ки  бо гумроҳӣ ба ҳаракату гурӯҳҳои  ифротгарову ситезаҷӯ, бахусус дар сафи қувваҳои  мусаллаҳи ба ном исломии  Ироқу  Сурия шомил шудаанд, бояд сабақи зиндагӣ гардад. Ҷавонони раҳгумзадаву тираақл бояд дарк намоянд, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯ аз касодии зеҳни онҳо истифода  бурда истодаанд. Ин ҷиҳат моро водор месозад, ки роҳи дурусти ҳалли мушкилоти пешомадаро ёбем.                                                                                                   

Ҷавонони раҳгумзада аслан на аз таълимоти ислом бохабаранду на аз сиёсати гурӯҳҳои манфиатхоҳ. Манфиатҷӯёни хориҷӣ онҳоро ба ҳар роҳу восита ба вартаи ҳалокат кашида, масъалаҳои  пасипардагии нопоки худро ҳал мекунанд.

Гурӯхи ба ном Давлати исломии Ироқу Шом аслан макони терроризми ҷаҳонӣ ва барангезандаи хавфу хатари навбатӣ барои тамоми инсоният маҳсуб меёбад. Тавре аз гузоришҳои расонаҳои хабарӣ бармеояд, ин сохтор (ДИИШ) доротарин ташкилоти террористии ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Он молик ба шабакаҳои тавонои таблиғотӣ буда, фақат аз ҳисоби қочоқи нафт дар як рӯз 2,5  миллион доллари амрикоӣ даромад ба даст меорад. Даромади солонаи он ба ҳисоби миёна баробари  1 миллиард доллар буда, пайваста дар афзоиш аст. Аз 18 ба 8 музофоти Ироқ ҳукмронӣ менамоянд. Дар кишварҳои Сурия, Урдун ва Лубнон артишҳои мусаллаҳ ва фаъол дорад.

Террористони «Давлати исломӣ» дар Ироқу Сурия таҷрибаи ҷангӣ омӯхта, баъдан ба ҳайси мураббиён,  истихдомгарон, воизон (мутахассисони шабакаҳои пинҳонкори роҳзане, ки бо «сохтори асосгузор» - и худ робитаи наздикро ҳифз мекунад) ба зодгоҳи худ бармегарданд. Таҷрибаи харобкориҳои «Давлати исломӣ»-ро ҷунбиши «Толибон» ва гурӯҳҳои дигари марбут ба он дар Афғонистон, Покистон  истифода мебаранд ва ин ҳама барои кишварҳои ИДМ таҳдидангез  аст.

Пӯшида нест, ки танҳо аз минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон номи 45 ҷавон муайян гаштааст, ки дар нуқтаҳои даргири террористӣ фаъолият доштанд. Дар рафти задухӯрдҳо бархе аз ҷавонони тоҷик ҷон бохтанд. Ба муқобили 13 нафар, ки аз нофаҳмию содалавҳӣ ба ташкилотҳои террористию моҷароҷӯ шомил шудаанд, таҳти моддаи  401 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
Роҳҳои асосии шомилшавии ҷавонони тоҷик ба сафи ДИИШ, аз нуқтаи назари сиёсатшиносон, муҳоҷирати корӣ ва интиқоли минбаъда ба кишварҳои даргир, таҳсил дар таълимгоҳҳои исломии хориҷи мамлакат, ширкатҳои сайёҳӣ ва сомонаҳои интернетӣ мебошад.

Ҷавонони кишвар бояд воқиф бошанд, ки ДИИШ  ба исломи асил ва суннатҳои он иртиботе  надорад.  Таълимоти ДИИШ аз салафия сарчашма мегирад ва он соф террористию ифротгаро буда, хилофи дини мубини ислом аст. Агар мо боақлона ба таърихи дини ислом ва  корнамоиҳои Паёмбари Акрам (с) ва ёрони ӯ назар андозем, пас бояд эътироф намоем, ки пайравони воқеии ин дини барҳақ саропо бораҳму шафқат буданд. Имрӯз  низ пайравони воқеии ин дини илоҳӣ бо фармудаҳои Худованди меҳрубон зиндагии хешро пеш бурда истодаанд.

Куштору бадбахтӣ овардан хоси мусулмонҳо нест. Дар ин бора дар Қуръони карим омадааст; «Ва ҳар кӣ муъминеро барқасд бикушад, ҷазои ӯ ҷаҳаннам аст, ки дар он абадӣ хоҳад буд ва Худо бар ӯ хашм гираду лаънаташ кунад ва барояш азобе бузург омода созад!» (сураи Анбиё).

Шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои тундгаро масъалаи доғ аст. Моро зарур аст, ки алайҳи ин амал бо истифода аз тамоми ниҳодҳои ҷомеа, аз ҷамоату мақомоти маҳаллӣ то вазорату кумитаҳои масъул, порлумон, аҳзоби сиёсӣ, зиёиён, уламо ва тамоми қишрҳои ҷомеа дар ҳамдастӣ  мубориза барем. Ислом динест барои осудагиву амният ва ҳар амале, ки дар аснои ибодат сурат мегирад, қалби инсонро пур аз  шафқату муҳаббат ва раҳму адолат месозад. Дар он барои дуруштиву ситам, таҷовузу  ифрот ва дигар аъмоли зиддиинсонӣ ҷой нест. Дар баробари китоби муқаддаси Қуръону ҳадисҳои Паёмбар (с) мутафаккирону олимони барҷастаи тоҷик мероси арзишманди ахлоқиро ба халқи худ мерос гузоштаанд, ки дар шароити феълӣ барои насли наврас омӯзишу аз бар кардани он аз манфиат холӣ нахоҳад буд.

Ноамнӣ ва бесуботии Ховари Миёна боиси ташвиш ва нигарониҳои зиёди кишварҳои минтақа, аз ҷумла Осиёи Миёна гардидааст. Cолҳои охир тибқи маълумоти мақомоти қудратии кишвар ҳолатҳои рӯ овардани ҷавонони тоҷик ба ҳаракатҳои ифротгаро зиёд шуда истодаанд, ки ширкати онҳо дар муҳорибаҳои Сурия ва Ироқ ин ақидаро собит месозад. Шомилшавии ҷавонони тоҷик дар ҳизбу ҳаракатҳои тамоюли ифротгароӣ дошта, ба монанди «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ансоруллоҳ», «Байъат», «Ҳаракати Толибон», «Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон», «Салафия» мисоли равшани ин қазия аст. Нафарони мазкур мутаассифона, намедонанд, ки қурбонии бозингарони бузург ва душманони Тоҷикистон гардидаанд.

Омилҳои гуногунеро метавон зикр намуд, ки ҷавонон таҳти таъсири чунин ҳизбу ҳарактҳо қарор мегиранд. Сатҳи пасти таълиму тарбия дар оила ва надоштани маърифати кофии динӣ ва инчунин, мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, сатҳи бекорӣ сабабгори асосии ҷалб шудани ҷавонон ба ин ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро гардидааст. Яке аз роҳҳои асосии ҷалб намудани ҷавонон ба ин ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ асосан, муҳоҷирати меҳнатӣ ва инчунин ташвиқот аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ мебошанд. Чунин раванд омили ба вуҷуд оварандаи нооромӣ ва бесуботии ҷомеа хоҳад шуд, зеро баҳсҳо ва муборизаҳои идеологӣ ва ғоявӣ дар майдони шабакаҳои иттилоотӣ бо тамоми шиддат ҷараён доранд. Чунин баҳсҳои иттилоотӣ метавонанд дар ҳама ҳолат таъсири худро ба ҷомеа расонанд. Маълум аст, ки вазъи сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеаи ҳар як кишвар ба раванди таъмини дастовардҳои миллӣ ва амнияти сартосарии он таъсири амиқ дорад. Аз ин рӯ, пеш аз ҳама, зарур аст, ки мафкура ва вазъи равонии ҷомеа бо татбиқи барномаҳои мухталифи сиёсию фарҳангӣ ва идеологӣ ба ҳадафҳои давлату миллат ҳамгун ва ҳамнаво бошад. Дар ин раванд, албатта, давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон тамоми кӯшишҳои ҳамаҷонибаи фарогирирро ба харҷ медиҳад, то мушкилоти мавҷуда ҳаллу фасл гардад. Бояд гуфт, ки аксари таҳлилгарон бар ин назаранд, ки сатҳи донишу маърифати дунявии ҷавонон хеле поён рафтааст ва маърифати диниашон низ шакли костагӣ ва нуқсон дошта, онҳо дар бисёр маврид миёни оддитарин масъалаҳои хурофоту дин, ақидаҳои ботилу воқеӣ фарқ гузошта наметавонанд. Ин танҳо мушкилоти имрӯзаи кишвари мо набуда, балки тамоми кишварҳои пасошӯравӣ гирифтори чунин проблемаҳо ҳастанд.

Роҷеъ ба масъалаҳои хурофотпарастӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо зимни суханрониҳо хеш ибрози ақида карда, онро сабаби аслии костани маърифати ҷомеа, бахусус, ҷавонон ва вабои аср арзёбӣ намудааст. Албатта, ин мушкилот дар маҷмӯъ, боиси он мегардад, ки гурӯҳҳои манфиатхоҳ ва фурсатталаб аз вазъияти ҷойдошта истифода мекунанд. Масалан, тибқи маълумоти расмии мақомоти қудратии кишвар беш аз 300 нафар ҷавонони тоҷик дар кишварҳои Сурия ва Ироқ меҷанганд, ки аз онҳо аллакай зиёда аз 80 нафарашон ҷони худро аз даст додаанд. Ҷой доштани чунин падидаи ногувор аз сатҳи пасти маърифати динию мазҳабии ҷавонони кишварамон ва аз суст ба роҳ мондани мубориза алайҳи ифротгароӣ шаҳодат медиҳад. Бояд гуфт, ки дар Осиёи Марказӣ ифротгароӣ ба тадриҷ дар байни занон низ ривоҷ пайдо карда истодааст. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон, соли равон теъдоди занон дар гурӯҳҳои тундрави исломӣ 23 дарсад афзоиш ёфтааст. Соли ҷорӣ даҳҳо зан аз ҷануби Қирғизистон ба ҷанги Сурия рафтаанд. Баъзе занҳои тоҷикро низ шавҳаронашон маҷбуран ба Сурия ва Ироқ бурдаанд, ки ин боиси ташвиш ва нигаронист. Агар як сабаби иштироки занон низ фақру бенавоӣ бошад, аз тарафи дигар, таблиғоти ифротгароӣ низ дар миёни онҳо хеле авҷ гирифта, андешаву тафаккури эшонро сайди доми худ кардааст. Имрӯз тавассути таблиғи иртиҷоии ба ном «Давлати исломӣ» (ДИИШ) занони дорои тахассуси тиббӣ доштаро ба сафҳои худ ҷалб мекунад. Ҳамчунин, онҳо дар ҷустуҷӯйи занҳои норозӣ ва ё озурда аз зиндагӣ ё азияткашида аз мақомоти кишварҳои дорои муҳоҷират мебошанд ва онҳоро бо ҳар гуна воситаҳо ба созмонҳои ифротии хеш ҷалб менамоянд.

Ва қобили тазаккур аст, ки имсол як гурӯҳи занони Ҷумҳурии Қазоқистон ҳам барои ширкат ба ҷанги Сурия рафтаанд, ҳарчанд мақомоти кишвари номбурда мегӯянд, ки онҳо барои ба ватан баргардонидани шавҳарҳояшон ба он ҷо муҳоҷират намудаанд. Чанд зани тоҷик низ аз вилояти Суғд ҳам бо баҳонаи овардани шавҳарҳояшон ба Сурия рафтаанд. Давлати Тоҷикистон барои беҳбудӣ бахшидан ба пешгирии ифротгароӣ роҳи дигарро пеш гирифт. Масалан, барои рӯҳониёне, ки дорои вазифаи имом-хатибии масҷидҳои ҷомеъро доранд, аз ҳисоби буҷаи давлатӣ маош таъин гардид, ки ходимони дин барои пешгирӣ намудани ин гуна ҷараёнҳо кӯмаки имонӣ ва виҷдонӣ расонанд ва ҷиҳати пойдории сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар ҷомеа хидматҳои арзандаро дареғ надоранд. Ин далели он аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои осоиштагӣ ва оромии мардум кӯшиш ба харҷ медиҳад, вале гурӯҳҳои дорои ақидаи ифротӣ низ барои фиребидан ва аз паси худ бурдани гурӯҳе аз ҷомеаи кишварамон муваффақ шуда истодаанд.

Беҳуда нест, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин масъалаи муҳим диққати махсус дода, иброз дошт: «Бо дарназардошти вазъи ҳассосу печидаи ҷаҳони муосир олимону донишмандони мамлакат бояд ба масъалаҳои тавсеаи мафкураи миллӣ, таҳкими давлатдорӣ ва рушди иҷтимоию сиёсии ҷомеа, иттиҳоди нерӯҳои созандаи кишвар ва ҳифзи манфиатҳои стратегии Тоҷикистон, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, хурофотпарастию ифротгароӣ, инчунин, таҳқиқи масоили демократикунонии ҳаёти иҷтимоию сиёсии Тоҷикистон эътибори аввалиндараҷа диҳанд».

Бинобар ин, давлат ба хотири таъмини амнияти миллӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимоят аз сиҳатии шаҳрвандон ва дифоъ аз ҳуқуқу озодиҳои дигар шаҳрвандон метавонад чораҳои зарурӣ ва ҷиддиро ҳам ба кор гирад. Талошу кӯшишҳои таҳти назорат қарор додани раванди ифротгароии динию мазҳабӣ боиси эътирозҳои баъзе рӯҳониён мегарданд, дар ҳолате ки бояд решаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сиёсию фарҳангии онро пайдо намуд ва бартараф кард. Инчунин, бештари мусалмонон бовар доранд, ки гурӯҳҳое чун «ДИИШ» аз сӯйи душманони ислом ба хотири бадномсозии ин дини мубин таъсис дода шудаанд. Ҳукуматҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ мегӯянд, ки ифротгароии динӣ ва терроризм аз душманони асосии суботу амният дар ин кишварҳост ва бояд бо он ҳаматарафа мубориза бурд.

Бояд гуфт, ки дини мубини ислом сулҳу субот ва оромиро ташвиқ намуда, рӯ овардан ба ифроту тундравиро манъ мекунад. Аз ҷумла дар ояти 9 ва 10-уми сураи «Нисо»-и Қуръони карим омадааст: «Муъмин бародари муъмин ва хуни муъмин резонидан гуноҳи азим аст». Ҷавонон ояндаи миллат ва давлатанд. Ҷавонони солимақл, соҳибистеъдод ва ҳушманд, ифтихор ва сармояи хушбахтӣ ва саодатмандии ҷомеа мебошанд. Аммо ҷавонони ифротгаро ва ситезаҷӯ доғи дили падару модарон, дарди сари ҷомеа ва омили хушунат, низоъ ва фитнаҳои навбатӣ хоҳанд гашт.

Аслиддин Хушвахтов, узви гурӯҳи «Пешоҳанг».

Add comment

Security code
Refresh