TOJ :: RUS:: ENG

Порис дар оғӯши хун

Ифротгароӣ ва терроризм дин, мазҳаб, миллат надорад ва ба ин зуҳуроти нангин омехта кардани ислом кори нодуруст аст. Мубориза бо экстремизму терроризм ва ҷинояткориро ҳаргиз чун мубориза бар зидди дин набояд муаррифӣ кард.

Зарур аст, ки бо истифодаи ислом ба чунин мақсадҳои зишт роҳ дода нашавад ва ҷинояткорону ифротгароён барои амалҳои ҷинояткоронаашон дар назди қонун ҷавоб гӯянд.

Эмомалӣ Раҳмон

 

Санаи 13-уми ноябри соли 2015, шаби ҷумъа дар яке аз шаҳрҳои Фаронса - Порис таркишҳои пай дар пай ва ҳамлаи ногаҳонии ашхоси яроқбадаст ба вуқӯъ пайваст, ки мардуми ин мамлакатро ба даҳшат афканд. Дар натиҷаи таркиш теъдоди қурбониён ба маълумотҳои гуногун зиёда аз 153 нафарро ташкил медиҳад ва теъдоди захмишудагон зиёда аз 200 нафар мебошанд. Айнан дар як вақт дар ҳафт канори шаҳри Порис таркиш ба вуҷуд омад, яке аз таркишҳо дар майдони варзишӣ (Стад де франс) ва дар театри Баткалан, ки дар онҷо консерти овозхонони амрикоӣ баргузор мегардид, инчунин дар тарабхона ва якчанд маконҳои серодам. Ба замми ин ҳама таркишҳо ифротиёни разил ором нагашта чандин нафарро гаравгон гирифта, аксари онҳоро ба қатл расонданд. Қобили зикр аст, ки ин ашхосон барои Сурия қассос гирифта бар он андешаанд, ки гӯё ба ҳама нооромӣ дар Сурия мардуми Аврупо гунаҳкоранд. Аммо фаромӯш кардаанд, ки аз дасти худи онҳо мардуми мазлуми Сурия ва Ироқ бехонумон гаштаанд ва дар баҳри Миёназамин барои убури он ғарқ гаштанд. Албатта ин ҳама амалҳои иртиҷоӣ натанҳо мардуми Фаронсаро балки тамоми ҷахонро ба ташвиш оварда ҳар яки моро водор месозад дар таъмини амнияти аҳолӣ ва худ кӯшиши беандоза дошта бошем.  Зеро чунин таркишҳо ҳар лаҳза метавонад дар дилхоҳ мамлакати ҷаҳон ба вуқӯъ пайвандад, агар мо нисбати амнияти давлату миллатамон аҳамияти хоса зоҳир нанамоем.

Террористон хунхор дар миёни гурезагон ба Аврупо ворид гашта, рӯз то рӯз сар бароварда, мақсадҳои худро амалӣ карда истодаанд. Дар вақти амалҳои разилонаи худ ин ашхосон номи “АЛЛОҲ”- ро зикр карда гуё барои  ризои Худо кирдорҳои ваҳшиёнаи худро анҷом медиҳанд. Мо ҳама боварӣ дорем, ки ягон дини ҷаҳонӣ амалҳои номатлубро аз ҷумла куштор, ғорат ва таҷовузро тарғиб наменамояд, аз ҷумла дини мубини ислом дини таҳаммулпазир буда, ҳамеша инсондӯстӣ ва раҳму шафқатро талқин мекунад.

Дар ҷомеаи муосир тунгароӣ ё ифротгароӣ зиёдтар аз ҳама ба мардуми мусалмон нисбат дода мешавад. Ба назар чунин мерасад, ки мусалмонон дар гӯшаю канори олам ба даҳшатафканию тундгароӣ даст мезананд. Аз ин ҷост, ки террор ва даҳшатафканиҳои солҳои охир мардуми ҷаҳонро ба ваҳшат афкандааст. Воситаҳои ахбори омма низ барои инъикос намудани проблемаи ифротгароӣ, террор ва нақши мусалмонон дар ҷомеаи имрӯз маводи гуногунеро ба нашр мерасонанд. Донишмандон дар риштаи илм мавзӯи терроризм ва ислом, ислом ва тундгароиро мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор медиҳанд. Аммо баҳси мо сари нуктаи тундароӣ ё ҳаракатҳои ифротгароӣ дар ҷомеаи муосир ва хатарҳои он мебошад.  Ба назар чунин мерасад, ки кишварҳо ихтиёри назорат бар зидди гурӯҳҳои тундгароро аз даст медиҳанд. Ҳамин аст, ки рӯз ба рӯз шеваи муборизаи ин гурӯҳҳо дар ҷаҳон тағйир ёфта, боз мардум шаҳди ин даҳшатафканиҳоро мечашанд. Аз ин бармеояд, ки бетаваҷҷӯҳӣ нисбати ин қазия паёмади хубе надошта, баръакс таъсири манфиаш ба ҷомеа мерасад.

Бузургтарин олимон ва донишмандони улуми ислом борҳо таъкид доштаанд, ки даҳшатафканию террори шахсиятҳо ва мардуми оддӣ ҳеҷ рабте ба исломи воқеӣ надорад. Маҳкумияти эшон дар ҳоле садо медиҳанд, ки имрӯз аз Осиёи Марказӣ сар карда, то Афғонистону Ироқ ва Африқо мо мешунавем, наворҳоро тамошо мекунем, ки аҳолии осоишта аз дасти гурӯҳҳои тундгаро ба ҳалокат мерасанд. Оморҳои расмӣ бозгӯи он аст, ки давлатҳои қудратманд низ дар баробари ин таҳдиду хатарҳо эмин нестанд. Зарбаи ногаҳонии тундгароҳо ё даҳшатафканҳои замони муосир ба ҳаддест, ки он метавонад, боиси марги ҳазорон нафар мардуми бегуноҳ гардад. Намунаи ваҳшатноки ин шеваи тунгароиро мо имрӯз дар  Ироқ ва Сурия метавонем мушоҳида кунем. Боиси таассуф аст, ки теъдоди муайяни ҷавонони тоҷик низ дар ин давлатҳо барои нафъи дигарон худро қурбон карда истодаанд. Моро танҳо зарур аст бо тамоми қишри ҷомеа пайваста, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронем, то ки ҷойи холимонда дар майнаи сари онҳо бо итилоотҳои лозима пур гашта, барои ташаккули онҳо мусоидат намояд.

Аслиддин Хушвахтов, аъзои гурӯҳи “Пешоҳанг” .

 

Add comment

Security code
Refresh