TOJ :: RUS:: ENG

Ҷавонон қувваи бузург ва пешбарандаи ҷомеа

Дарсҳои кушоди Вазири корҳои дохилӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, Ҳуқуқшиноси хизматнишондодаи Ҷумҳурии Точикистон, генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо донишҷӯён дар макотиби олӣ, вохӯриҳои ҳармоҳаи Вазири корҳои дохилӣ муҳтарам Раҳимзода Рамазон бо ҷавонони фаъол, гузаронидани чорабиниҳои варзишӣ байни ҷавонони маҳал дар ҷумҳурӣ, доир намудани ҷаласаву конфронсҳои пайвастаи Вазорати корҳои дохилӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳамроҳ бо ҷавонон, таъсиси гуруҳи «Пешоҳанг» (Авангард) дар назди Вазорат аз ҳисоби тамоми ҷавонони ҷумҳурӣ ва ҳамкории наздики Вазорати корҳои дохилӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ исботи гуфтаҳои болост.

Дар таърихи 2-юми апрели соли 2015 бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ дар доираи амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавонон ва ҳамкориҳо бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмиву амалӣ дар мавзӯи "Ҳамкории ҷавонон бо мақомоти корҳои дохилӣ дар мубориза бар зидди ифротгароӣ" бо ҷалби зиёда аз 500 нафар ҷавонони фаъол аз тамоми гӯшаву канори мамлакат дар шаҳри Душанбе доир гардид. Ҳамчунин ба хотири дӯстиву рафоқат байни мо ҷавонони мамлакат, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон идомаи семинар-конфронсҳои худро ҳамроҳ бо ҷавонон дар торихи 11-уми майи соли 2015 дар шаҳри бостонии Кӯлоб ва 12-уми июли соли равон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар мавзӯи "Ҳамкории ҷавонон бо мақомоти корҳои дохилӣ дар мубориза бар зидди ифротгароӣ" гузаронид.

Ҳамчунин дар доираи гузаронидани конфронс Вазорат, сафари сайёҳии дохилиро барои мо ҷавонон доир кард. Мо ҷавонон дар доираи барномаи сайёҳии дохилии Вазорат аз маконҳои сайёҳӣ ва торихии кишвари худ дидан намудем. Мавриди зикр аст, ки аксари ҷавонон бори аввал аз ин маконҳои торихии гӯшаву канори мамлакат дидан намуданд ва он ҳам бо дастгирии Вазорати корҳои дохилӣ мебошад.

Ба муносибати ҷашни Ваҳдати миллӣ моҳи майи соли ҷорӣ Вазорати корҳои дохилӣ барномаи "Меҳмонии ҷавонон"-ро ташкил кард, ки дар доираи ин барнома ҷавонони Душанбе ба ноҳияи Рашт, аз ноҳияи Рашт ба шаҳри Хуҷанд ва аз Бадахшон ба шаҳру Кӯлобу аз Кӯлоб ба Бадахшон ба хонаҳои ҳамдигар меҳмонӣ фиристода шуданд. Ҳадаф аз доир намудани чорабинии "Меҳмонии ҷавонон" ин ҳифз кардани фарҳанги гузаштагон, шиносоӣ аз урфу анъанаҳои минтақаҳои якдигар ва таҳким бахшидани дӯстиву бародарӣ байни ҷавонони ҷумхуриямон мебошад.

Ҳамчунин дар таърихи 8-уми октябри соли ҷорӣ бо дастгирии Вазорати корҳои дохилӣ, як гурӯҳи ҷавонони фаъоли Авангард аз тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвари азизамон ҳамроҳ бо намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи кор бо занон ва оила ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои Федератсияи Россия барои мулоқот ва дидор бо ҷавонони тоҷике, ки дар Россия кору таҳсил менамоянд, сафарбар гардиданд.

Дар доираи ин сафар мо ҷавонон бо тоҷикони муқими шаҳрҳои Москав, Твер, Краснодар, Сочи ва ғайра мулоқот намуда, атрофи Ватандӯстиву ҳифзи арзишҳои миллӣ ва пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гуруҳҳои ифротиву террористӣ сӯҳбатҳо доир намудем.

Дар маҷмӯъ, дар давоми 11-моҳи соли 2015, Вазири корҳои дохилӣ генерал - лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо мо ҷавонон зиёда аз 15-маротиба вохӯриҳои судманд анҷом додаанд. Дастгирии пайвастаи моливу маънавии Вазорати корҳои дохилӣ барои ҷавонон ин нишонаи наздик шудани мардум бо милитсия мебошад.

Хулоса: Барои мо ҷавонон мояи ифтихор ва сарбаландист, ки дар соли ҷорӣ, ҳар моҳ бо Вазири корҳои дохилӣ муҳтарам Рамазон Раҳимзода аз наздик дидору мулоқот намуда, масъалаҳои мубрами рӯзро барои ҷиҳати ҳалли мушкилоти мардуми кишвар баррасӣ мекардем. Ин иқдомҳои Вазорати корҳои дохилӣ, барои мо ҷавонон натанхо як барномаи семинарӣ ва ё конфронсӣ буд, балки як мактаб ва ё иниституте буд, ки мо аз он Дарсҳои муҳими ҳаёти рӯзгори худро ба монанди дарсҳои "Худшиносиву худогоҳӣ", "Ватандӯстиву меҳанпарастӣ" ва "Арзишшиносиву ҳифзи арзишҳои миллӣ" омӯхтему дар роҳи Ватандорӣ имонамон мустаҳкам шуд.

Робитаи қавӣ ва ҳамкории зичи аҳолӣ ҳангоми ҷустуҷӯ ва дастгир кардани аъзоёни гуруҳи ҷинояткори Назарзода Ҳалим бори дигар исбот сохт, ки милитсия мардумро ба худ наздик кардааст.

Add comment

Security code
Refresh