TOJ :: RUS:: ENG

Хушвахтов Аслиддин Ривоҷиддинович

 

Хушвахтов Аслиддин Ривоҷиддинович - узви фаъоли гуруҳи ҷавонони " Пешоҳанг", 10 сентябри соли 1992 дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Мактаби миёнаро дар ноҳияи мазкур хатм намуда, соли 2012 ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, факултаи «Муносибатҳои байналхалқӣ» супорида сазовори номи донишҷӯ гардид. Айни замон, донишҷӯи бахши 4-уми донишгоҳи зикргардида мебошад.

Дар чандин конфренсияҳои илмию оммавӣ ва мизҳои муддавари сатҳи ҷумҳуриявӣ иштироки фаъолона намудааст. Ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ буда, барои ободӣ ва саҳми назарас гузоштан дар пешрафти ҷомеа кӯшишҳои зиёд мекунад. Дорандаи диплом ва сертификат барои иштирок дар панҷумин фестивали байналмилалии ҷавонони ИДМ, дипломи "Беҳтарин суханвари ҷавон" дар ҷумҳурӣ мебошад.
Дар соли 2015 ба хотири татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва иштироки фаъолонааш дар корҳои ҷамъиятӣ аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо Раҳматнома ва Ифтихорнома қадрдонӣ карда шудааст.
Мақолаҳои зиёди илмӣ, фарҳангӣ ва сиёсиро дар ҳафтаномаҳои гуногуни кишвар: «Ба қуллаҳои дониш», «Қонун ва ҷомеа», «Ҷавонони Тоҷикистон» ба табъ расонидааст.
Шиораш дар зиндагӣ: «Он чӣ, ки ба худ напазирӣ ба дигарон напазир».

Add comment

Security code
Refresh