TOJ :: RUS:: ENG

Муродзода Муҳсин Муқим

 

Муродзода Муҳсин Муқим – аъзои фаъоли гуруҳи ҷавонони «Пешоҳанг», 22-юми январи соли 1995 дар дехаи Сангистони ноҳияи Айнӣ, вилояти Суғд дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик.
Соли 2001 ба мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №19-и ба номи Абдуҷаббор Гадоеви деҳаи Сангистон ба синфи якум қадам ниҳодааст. Дар давоми таҳсил дар олимпиадаҳои фаннӣ аз фанҳои физика ва таърих то ба сатҳи вилоятӣ баромада, ҷойҳои намоёнро ишғол намудааст. Бо Ифтихорномаи Раёсати маорифи вилояти Суғд, шӯъбаи маорифи нохияи Айнӣ, бахши ҷавонони ноҳияи Айнӣ ва мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №19 сарфароз гардидааст. Мактаби миёнаро соли 2012 бомуваффақият хатм намудааст .
Худи ҳамон сол ҳуҷҷатҳояшро ба факултети энергетикии ДТТ ба номи М.Осимӣ супорида, донишҷӯи Донишгоҳ гардидааст. Ҳамчунин соли 2015 МДТ «Литсейи касбии техникии ноҳияи Айнӣ»-ро бо ихтисоси муҳосиб хатм намудааст. Дар давоми таҳсил дар вазифаҳои ҷамъиятии раиси ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и ДТТ ба номи М.Осимӣ, Раиси Итифоқи касабаи донишҷӯёни факултаи энергетикӣ, раиси созмони ҷавонони факултаи энергетикӣ фаъолияти назаррас намудааст. Аъзои ҲХДТ мебошад.
Ҳамчунин дар корҳои ҷамъиятии берун аз донишгоҳӣ ба ҳайси муовини раиси ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, аъзои фаъоли «Дружиначиёни ихтиёрӣ»-и ШВКД дар ноҳияи Шоҳмансур, аъзои фаъоли гуруҳи «Суханварон»-и Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои гуруҳи ҷавонони «Пешоҳанг» фаъолият менамояд.
Муродзода Муҳсин Муқим барои иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ бо Ифтихорномаи ректори ДТТ ба номи М.Осимӣ, Ифтихорнома ва Сипосномаи факултаи энергетикӣ, Сипосномаи Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Ифтихорномаи Раиси ноҳияи Шоҳмансур, Сипосномаи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, Ифтихорномаи бахши ҷавонони ноҳияи Шоҳмансур, Ифтихорномаи ШВКД, Сипосномаи Иттифоқи касабаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раҳматномаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.
Муаллифи мақолаҳои «Қадри зар заргар бидонад», «Истиқлолияти энергетикӣ», «Истиқлолияти энергетикӣ – НБО Роғун (бардоште аз китоби Фархундапай)», «Ҷавонони деҳотро фаромӯш насозед», «Парафшон парчамат поянда бодо» ва якчанд шеърхо дар васфи Ватану Пешвои Миллат ва ҳамчунин китобчаи «Сайқали фикр» -маҷмӯи формулаҳои математикиро ба табъ расонидааст.

Add comment

Security code
Refresh