TOJ :: RUS:: ENG

Ҷавонони деҳотро фаромӯш насозед...

 

Ман дар тӯли ин 20 соле, ки ба камолот расидам, қариб 18 сари сол дар яке аз ноҳияҳои дурдасти кишвари азизамон, яъне дар ноҳияи Айнӣ ба воя расидам. Мардум мегуфтанд, ки бачаи шаҳр аз деҳот аз замин то осмон фарқ дорад, мани куҳистонӣ ба ин бовар надоштам. Худ ба худ мегуфтам, охир муаллиме, ки маро дарс медихад ва он чизеро, ки медонад, муаллими онҳо низ ҳаминро медонад. Ё курсие, ки ман нишаста дарс мехонам аз они онҳо низ айнан ҳамин хел аст, пас чӣ фарқ дошта бошад? Гоҳо ба ҳар гуна гапҳо аҳамият намедодам.

      Дар овони кӯдакиву наврасӣ дар деҳот муҳити мо танг буд. Саҳар ба мактаб мерафтем, баъдан ба чарондани гову мол ё саргарми кору бори замин мешудем. Вале ба серкорӣ нигоҳ накарда аз пайи омӯхтани илм ва аз бар кардани дарсҳо  будем. Дар он даврае, ки мо дар деҳот мезистем, нисбати ягон одами аз худамон калон ноҳурматӣ намекардем. Дар тӯю сури мардуми деҳа ҳама якҷо будем. Умуман як зиндагии оддии пур аз меҳру пур аз саховатро доштем. Ростӣ дар деҳот мардум ба як бурида нон қаноат ва шукри тинҷиву оромӣ ва соҳибистиқлолии кишвар мекарданд.

       Дар деҳот ҳама ҳар вақт интизори он буданд, ки кай аз Душанбе ё аз ягон минтақаи дигари кишвар ягон ҳаҷвнигор, ҳунарманди театр ва дорбоз омада, хотири ҳамагонро шод кунад. Охир мо наврасон ва ҷавонон дигар ҷойе надоштем, ки рафта худро машғул намоед. Мо бисёр орзу мекардем, ки як маротиба бо шахсони зиёиву ҳунармандони шинохта дар мактаб ё дар деҳа вохӯрем ва дар суҳбати онхо нишинем, вале ин имкониятҳоро надоштем.

          Пас аз он, ки соли 2012 дар яке аз донишгоҳҳои бонуфузи ҷумҳуриямон Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ ба факултаи энергетикӣ дохил шудам, ман дарк кардам, ки ҳамон вақт мегуфтанд, ки бачаи шаҳр аз деҳот фарқ мекунад, дар ҳақиқат рост будааст. Дар шаҳр ҳамаи он имкониятҳое, ки замон талаб мекунад ҳаст, вале дар деҳот нест. Дар шаҳр насли ҷавон ё наврас метавонад ба театр,  консертҳо ё ба сайругашти боғҳо ва гулгашту хиёбонхо равад ва як хотироти неке бардорад. Дар масъалаи аз бар намудани забонҳои хориҷӣ метавонад дар наздикии хонаи худ дар вақтҳои холигӣ ба курсҳои кӯтоҳмудат рафта, дониши худро сайқал диҳад ва дигару дигарҳо...

        Таҳлил кардам, ки тарбияи шаҳр дигар аст. Ин қадар ҷойҳои фарҳангиву фароғатӣ, ин қадар имкониятҳои васеъ барои ҷавонони шаҳр фароҳам будааст.

      Дар тӯли се соле, ки дар шаҳри Душанбе ҳастам ва ё дар донишгоҳ таҳсил намуда истодаам, бисёр лаҳзахое буданд, ки дар овони наврасӣ дар деҳот орзу мекардам. Хушбахтии ман дар он аст, ки ман тавонистам дар вохӯрие, ки Сарвари давлат,  Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23 майи соли 2013 бо ҷавонони кишвар баргузор карданд, ширкат варзам. Масалан ман тавонистам бо шахсони маъруфу номдор ва ватандӯст ба монанди Маликшо Неъматов, Нуриддин Саид, Рамазон Раҳимзода, Муродалӣ Солеҳ, Одинаев Рамазон, Абдулозода Аҳтам, Қурбонова Руқия, Шоев Нуралӣ, Анвар Абдурасулов, Одинаев Ҳайдар, Фарҳод Раҳимов, барин шахсони нисбати ҷомеаву ҷавонон ғамхор вохӯриҳо ва ҳамсуҳбат шавам.

Ё амсоли инҳо Раҳмондӯсти Қурбониён, Лутфулло Давлатзода, Қурбон Собир, Моҳпайкар  Ёрова, Аловудин Абдулоев, Убайдулло Раҷабов барин ҳунармандони шинохта ва ё Ҷурабек Муродов, Афзалшо Шодиев, Давлатманд Холов, Нигина Амонқулова, Ҷаъфари Ҷалол, Тобиши Ҳилолӣ, Қобилҷон Зарипов ва садхо тани дигар, ки нақшҳову сурудҳояшон аз тараннуми ин Ватану ифтихор аз гузашта ва боварӣ ба фардо аст, тавонистам тариқи барномаҳои телевизионӣ ё дар алоҳидагӣ ҳамсуҳбати онҳо шавам. Дар саҳифаи таърихи худ ман тавонистам аз ҳар яке ин шахсони оқилу фозил ростиву покӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, эҳтиром ба бузургону гузаштагон ва хизмат ба ин халқу ин сарзаминро омӯзам ва ҳар як насиҳату суханҳои онҳоро сармашқи кори худ хоҳам кард.

     Мақсад аз ёдовар шуданӣ ман дар он аст, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати худ ҷавононро ояндасози ин сарзамин қайд кардаанд ва албата насли ҷавон ба тарбияву ғамхорӣ ниёз дорад.  Чун фарзанди русто ҳастам дарди дили ҷавонони деҳаро хуб ҳис мекунам ва дарк менамоям. Аз Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки ҳам худашон ва дар баробари худ тамоми шахсоне, ки дар боло қайд шуданду амсоли онҳо ҳастанд, ақалан дар як сол як маротиба ба ноҳияхои дурдаст сафарбар намуда, бо ҷавонон вохӯриҳо доир намоянд.

        Аз ҳамаи он нафароне, ки ба онҳо иброз намудам, хоҳиш менамоям ҷавонони деҳотро дӯст доред ва онҳоро ҳаргиз фаромӯш насозед. Онҳо низ ба дастгирии ҳамаҷонибаи Шумо ниёз доранд ва ин миллат ин давлат ва ин сарзаминро дӯст медоранд. Дар охир гуфтаниям “Онҳо низ бо Шумоянд ва яке аз Шумоянд” ...

 

 Бо эхтиром Муродов Муҳсин,

 Донишҷуи ДТТ ба номи академик М.Осимӣ

Add comment

Security code
Refresh