TOJ :: RUS:: ENG

Оғози конференсияи ҷавонону донишҷӯён дар шаҳри Қурғонтеппа

 Рӯзи 18-уми декабри соли 2015, дар толори маҷлисгоҳи «Кохи Лоҳутӣ»-и шаҳри Қурғонтеппаи вилояти Хатлон конференсияи илмӣ амалӣ дар мавзӯи «Иштироки ҷавонон ва донишҷӯёни кишвар дар тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ» бо иштироки муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Солеҳзода Искандар, Раиси Кумитаи  ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам, сардори РВКД дар вилояти Хатлон подполковники милитсия Баҳром Шарифзода, муовини Раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон, Раиси шаҳри Қурғонтеппа Амирулло Асадулло, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, устодону донишҷӯёни донишгоҳҳои олии кишвар ва дигар ҷавонони фаъол ба кори худ шурӯъ намуд.

 

Қайд кардан ба маврид аст, ки баргузории конференсияи мазкур бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ ва дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардидааст.

Конференсия бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Бо сухани ифтитоҳӣ конференсияро муовини Раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон оғоз намуда, иштирокчиёни конференсия, ҷавонону донишҷӯёни тамоми минтақаҳои кишварро ба вилояти Хатлон хайрамақдам гуфт.

Мавсуф қайд намуд, ки дар радифи сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳудуди вилоят, ҷалби ҷавонон дар рушди ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ хеле назаррас гардидааст. Имрӯз насли ҷавон дар ҳамаи паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа, фарҳангу сиёсат, варзишу корҳои ободонӣ назаррас аст. Ҷавонони кишвар танҳо бо андӯхтани илму дониш, такмили ҷисмонӣ метавонанд дар ободии кишварамон саҳм гузоранд.

Ҳамчунин, бо сухани ифтитоҳӣ муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Искандар Солеҳзода баромад намуда, саҳми ҷавононро дар самти пешгирӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мусбӣ арзёбӣ намуд. Номбурда зикр намуд, бо ҷинояту ҷинояткорӣ баҳри амнияту осоиштагии мардум танҳо дар ҳамдастӣ бо тамоми қишрҳои ҷомеа, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ, ҷавонону фаъолон ва аҳли ҷамоатчигӣ метавон мубориза бурд. Дар ин самт иштироки шаҳрвандон, аз ҷумла кормандони ғайриштатию дружиначиёни ихтиёриро дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, сулҳу субот ва амнияти мардум муҳим донист. 

Сатҳи ҷинояткорӣ аз ҷониби ҷавонону донишҷуёнро дар миқёси ҷумҳурӣ қайд карда гузашта, иброз дошт, ки ҳоло ҳам содиршавии ҷиноятҳо ба чашм мерасанд. Бинобар ин, миёни ҷавонон – ҳамсолони худ бояд корҳои фаҳмондадиҳию пешгирикунанда ва таъсирбахш расонида шавад. Баҳри пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти террористию экстремистидошта, баргардонидани онҳо аз иштирок дар амалиётҳои мусаллаҳонаи кишварҳои хориҷ, бурдани корҳои тарғиботию тафтишотӣ аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ як қатор чорабиниҳои мақсаднокро роҳандозӣ менамояд.               

 

Add comment

Security code
Refresh