TOJ :: RUS:: ENG

Ташкили гурӯҳи «Пешоҳанг» ба хотири таъмини амният

Рӯзи 20 августи соли 2015, дар толори маҷлисгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ сӯҳбати озоду самимии роҳбарияти ВКД бо ҷавонони фаъоли мамлакат доир гардид. Ин вохӯрӣ бо ташаббуси мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, дар он донишҷӯёну ҷавонони пешсафу лаёқатманди шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ҷамъ омаданд.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории мақомоти корҳои дохилӣ бо ҷомеа, бахусус бо ҷавонони фаъоли ҷумҳурӣ, дар самти пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни хусусияти террористиву экстремистидошта, тақлид ба фарҳангҳои бегона, инчунин аз ҳисоби ҷавонон ташкил намудани гурӯҳи «Пешоҳанг» (Авангард) мавриди баррасӣ қарор гирифт. Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар назди намояндагони насли ҷавон баромад намуда, изҳор дошт, ки дар ҷумҳурӣ Ислоҳоти милитсия ҷараён дорад ва яке аз мақсадҳои асосии ин раванд, таҳким бахшидани робитаи доимӣ бо ҷомеа мебошад. Вохӯрии мазкур низ ба ҳамкориҳои мақомоти корҳои дохилӣ бо ҷомеа равона гардидааст. Ба андешаи Роҳбари аввали ВКД, ҳадаф аз ташкили гурӯҳи «Пешоҳанг» ё худ Авангард аз ҳисоби ҷавонону донишҷӯён, дар байни аҳолӣ, ҷойҳои ҷамъиятӣ ва муассисаҳои олии таълимӣ бурдани тарғибу ташвиқот дар мавриди эҳтиром гузоштан ба рукнҳои давлатдорӣ, хусусиятҳои хоси мазҳаби Имоми Аъзам, пешгирии ақидаҳои ифротгароӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ мебошад. Рамазон Раҳимзода аз вохӯрии Президенти мамлакат бо ҷавонон ба муносибати 18-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ёддовар шуд, ки дар он Роҳбари давлат гуфта буд: «Вазифаи ҳар шахси худшиносу худогоҳ, ватандӯсту ватанпарвар аз он иборат аст, ки ваҳдати миллиро чун гавҳари бебаҳо ва дастоварди ниҳоят азиз ҳифз намояд ва онро дар радифи дигар муқаддасоти миллиамон пос ва гиромӣ дорад». Вазири корҳои дохилӣ вобаста ба хатарҳои ҷаҳони муосир, алалхусус гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ иброз намуд, ки терроризму эстремизм хусусияти маҳалливу минтақавӣ надошта, имрӯз ба мушкилоти глобалии ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Аз ин рӯ, ҷавонон, чун нерӯи бузургу ояндасози мамлакат метавонанд, ки дар мубориза бо ин зуҳурот пешниҳоду иқдомҳои самарабахш намоянд. Дар идомаи ҳамоиш, муовини аввали Вазири корҳои дохилӣ, генерал-майори милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо суханронӣ намуда, дар мавзӯи тарғиби фарҳанги бегона миёни ҷавонон ва пешгирии он мулоҳизаронӣ намуд. Қайд гардид, ки ҷавонон бояд ҳар як дақиқаи вақти худро ғанимат дониста, пайваста савияи донишу малакаи худро бо роҳи илму касбомӯзӣ тақвият диҳанд. Дар ободии сарзамини куҳанбунёдамон саҳмгузор бошанд. Танҳо дар якҷоягӣ ва муттаҳидӣ метавон бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуб мубориза бурд. Дар хотима, аз ҷониби донишҷӯёну ҷавонон якчанд таклифу пешниҳодҳои муфид дар самти пешгирии ҷавонон аз пайвастан ба гурӯҳи ба ном «Давлати Исломии Ироқу Шом» ва тарғиби фарҳанги миллӣ ироа гардид.

Add comment

Security code
Refresh