TOJ :: RUS:: ENG

Парафшон парчамат поянда бодо!

Парчам ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим рамзи давладорӣ, шукуҳу ифтихор ва нангу номус будааст. Давлатдорӣ ва давлатсозии тоҷикон низ таърих ва суннати бисёр қадима дорад. Аввалин парчами қадимаи тоҷикон «Дирафши Коваён» ном дошт, ки он ҳамчун рамзи ваҳдат ва ягонагии давлатдории ориёӣ қабул карда шуда буд.

Дирафш аз замонҳои қадим нишона ва рамзи муқаддаси ҳар миллату давлат бадааст ва ба хотири ҳифзи он фарзандони бузурги миллат ҷонсупориҳо кардаанд.

Хушбахтона бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ тоҷикон соҳиби парчами миллӣ - яъне таҷассумгари гузаштаи шоён  ва ояндаи дурахшони тоҷикон гардидаанд.

Баъди ҳазор соли бедавлатӣ ҳамчун натиҷаи азму талошҳои пайвастаи мардуми озодихоҳи тоҷик ба даст омадани соҳибистиқлолӣ дар назди мо иҷрои вазифаи бисёр масъулиятнок ва дар айни замон хеле пурифтихор, яъне бунёди давлати навини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар ва ба вуҷуд овардани аркони давлатдории таърихиву такдирсоз бисту панҷ сол пур мешавад.

Моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯроии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон таҳрезӣ гардида, ба сӯи ҳадафҳои бузурги умумимиллӣ – сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ қадамҳои нахустин гузошта шуданд, дар баробари андешидани тадбирҳои зарурӣ барои ба таъмини сарҷамъии  мардум ва ҳифзи тамомияти арзии кишвари тозаистиқлоли тоҷикон, инчунин рамзи нахустини давлати соҳибисттиқлоламон – Парчам ва дертар Нишон қабул карда шуданд, ки имрӯз мо аз он лаҳзаҳои сарнавиштсози таърихиро бо ифтихор ба хотир меорем.

Зеро, он айём барои мо аввалин рӯзҳои эъмори соҳаи нави давлату давлатдорӣ ва ташакулли ҷомеаи озоди кишвар, яъне оғози марҳалаи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳамчун ҳадафи асосӣ ва муқаддаси халқи Тоҷикистон буданд.

Чанд сол пеш мо ба нишони эҳтирому садоқат ба Парчами миллиамон ва гиромидошти ин рамзи давлати соҳибистиқлоламон 24-уми ноябрро ҳамчун Рӯзи Парчам эълон доштем.

Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳуввияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.

Парчами миллӣ имрӯз ҳамчун нишонаи азму иродаи устувори мардум барои ободии кишвари зебоманзарамон  ҳаммароми «Дирафши Ковиён»-и аҷдоди ориётаборамон бо тобиши се ранг, ранги сурх - озодиву истиқлол, ранги сафед - сулҳу оромӣ, ранги сабз - ободиву хуррамӣ ва дар байни он рамзи тоҷи зарҳалини соҳибдавлатӣ бо ҳафт ситораи дурахшон бори дигар аз мавҷудияти таммаддуну фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкари созандагиву асолати миллӣ, давлату давлатдории мустақим ва ормонҳои ватанхоҳиву  каҳрамониҳои мардони сарзаминамон башорат медиҳад.

Баландии манораи ливои пуршарафи озодиву соҳибистиқлолии Тоҷикистон 165 метрро ташкил медиҳад, ки мутобиқи маълумоти мутахассисон дар ҷаҳон баландтарин буда, тӯли матоъи рангинкамони он ба 60 метр ва паҳноияш ба 30 метр баробар мебошад. Мехоҳам бори дигар хотирнишон созам, ки маҳз Истиқлолияти давлатӣ ба мо барои таҷлили пуршукуҳи тамоми санаҳои таърихии миллиамион, аз ҷумла гиромидошти Парчам ва дигар рамзҳову муқаддасоти Ватанамон шароити мусоидро фароҳам овард.

Аз он рӯзе, ки миллати соҳибмаърифати мо соҳиби Парчам  гардид, дар ҳаёти мамлакату ҷомеаи кишвар бисёр дигаргуниҳои бунёдӣ ба амал омаданд ва барои пешрафти ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт, илму маориф ва маънавиёти мардум шароити мусоид фароҳам оварда шуд.

Давлати мо узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид  ва дигар ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмиллилӣ гардида,  имрӯз Парчами миллии мо дар қатори  парчами дигар кишварҳо дар созмонҳои баландпояи ҷаҳонӣ ҷойгузин гардидааст, ки ин бегумон мояи ифтихору рӯҳбаландӣ ва эҳтироми ҳамаи ҳамватанони мо мебошад.

Парчами давлатии барои мо тоҷикон нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдати миллӣ, ҳуввияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар руҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми табрикии худ  бахшида ба таҷлили Рӯзи Парчам пешниҳод карда буданд, ки ба хотири эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами миллӣ, инчунин бо назардошти нақшу моҳияти  он дар тарбияи ҳисси худогоҳиву худшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии мардум яке аз майдонҳои пойтахти мамлакам бо номи майдони Парчами миллӣ номгузорӣ гардад.

Дар баробари ворид шудан ба ин мавзеъ эҳсоси ватандӯстиву  ватанпарастӣ ва ифтихори миллиии хурду бузурги мардуми шарафманди тоҷик боз ҳам  бештар  гардида, онҳо минбаъд низ дар зери Парчами миллӣ муттаҳид мешаванд ва бо муҳаббату садоқат ба Ватан барои ободии  сарзамини аҷдодӣ  ва пешрафти давлати соҳибистиқлоли худ саъюу талоши бештар мекунанд.

Ҳамчунин ба ҳар як фарди бо нангу номус ва ватандӯсту  ватанпарвар мурочиат карда, онҳоро даъват менамоям, ки аз Парчами миллии худ ифтихор кунанд, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, озодӣ ва истиқлоли Ватан, чун сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ ба ҷо оранд, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба фарзандони худ ва ҷавонону наврасон ҳамеша талқин намоянд.

Дар охир орзумандам, ки Парчами миллӣ – рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва қаҳрамониҳои халқи тоҷик  барои ваҳдати миллӣ, нишонаи нангу номуси миллат ва таҷассуми муҳаббату садоқати ҳар як фарди Тоҷикистон ва  ба Ватани ободу соҳибихтиёр то абад парафшон бошад.

Ва чуноне ки Пешвои миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Бигзор, парчами пурҷиллло ва нурафшони Истиқлолият дар дилу дидаи ҳар як сокини Тоҷикистон ин Ватанро афзунтар намояд ва асрҳои аср дар фазои озоди кишварамон парафшонӣ намояд. Парафшонии Парчами озодиву саодати давлати соҳибистиклоли мо ҷовидон бошад».

Парчами нангу номи мо,

Пораи ҷисму ҷони мо.

Сурху сафеду лоларанг,

Парчами Коваёни мо.

Муродов Муҳсин

Add comment

Security code
Refresh