TOJ :: RUS:: ENG

Биё дилбар

 

Аё дилбар ба ёдат нола дорам,
Зи доғат дар ниҳон ғамбода дорам,
Ба мисли ту нигореро надидам,
Биё, ки дарди чандинсола дорам.

Дили бечораро девона кардӣ,
Маконашро чаро ғамхона кардӣ?
Биё, ки аз фироқат хастаҳолам,
Маро дар нимароҳ ҳайрона кардӣ.

Шароби ҳарду лабро интизорам,
Барои диданат ояд хуморам.
Ба мақсад гар расам боре, азизам,
Ба қалби хаста армоне надорам.
Каримҷон Салимов, донишҷӯи курси сеюми Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода

Add comment

Security code
Refresh