TOJ :: RUS:: ENG

Чанд маслиҳат...

 

Дониш андар дил чароғи равшан аст,

В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.

Оре, дониш аст, ки мо барои ниятҳои нек даст мезанем. Дониш, ақл, одоб, рафтори нек, гуфтори нек, пиндори нек аз хислатҳои хуби инсонӣ ба шумор мераванд. Дониш ва ақли солим инсонро ба рафтори нек, гуфтори нек, фикри солим водор мекунад. Агар инсон шуурнокиаш инкишоф ёфта бошад, ҳеҷ гоҳ ба хатоӣ роҳ намедиҳад. Инсон ба воситаи ақлу дониш ба қуллаҳои муродаш мерасад.

Нодонӣ, гумроҳӣ ин нишони инсони ноустувор мебошад ва инсон аз рӯи ҷоҳилӣ ба ҳар гуна корҳои ношоиста даст мезанад. Маҳз ҷоҳиливу нодонист, ки инсон ба хатогиҳои калон рӯ ба рӯ мешавад ва дар андак муддат шаъну шараф, Ватану миллат ва наздикони худро мефурӯшад ва ба ҷамъияту давлат зарари манфӣ мерасонад. Барои он, ки инсон хато накунад, гумроҳ нашавад ва амалҳои зиштро пешаи худ накунад, ӯро зарур аст, ки пайваста дар ҷустҷӯи илму дониш бошад.
Унвони донишҷӯӣ ба ҳар кас муяссар намешавад ва ҳар кас ҳам донишҷӯ шуда наметавонад ва мо бояд фахр кунем, ки донишҷӯ ҳастем.

Оре, донишҷӯӣ давраи зеботарини умри инсон мебошад, беҳуда ин давраҳоро давраҳои тилоии умри инсон намегӯянд. Ин давра давраи нашъу намои инсон буда, донишҷуёнро зарур аст, ки пайваста дар роҳи омӯзиш бошанд. Имрӯзҳо на танҳо дар донишкадаву донишгоҳҳои ҷумҳурӣ, балки дар дигар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳонӣ низ шахсоне ҳастанд, ки бо фиребу найранг ба донишгоҳ дохил шудаанд, вале хоҳиши хондан надоранд ва барои омӯхтани ҳамсабақонашон халал мерасонанд ва донишҷӯёни фаъолро рӯҳафтода мегардонанд, ки ин як зарбаи сахте хоҳад буд. Дар ин хусус, чанде фикр кардам ва хостам чанд маслиҳате ба донишҷӯён диҳам, гарчанде, ки худ донишҷӯ ҳастам.
Чӣ бояд кард, ки донишҷӯ намунаи ибрати дигарон бошад ва дар пешрафти ҷомеа, чун ҷавони далеру кордон, ботамизу ҳушёру зирак боқӣ монда, дар тараққиёту шукуфоии Тоҷикистони маҳбубамон саҳмгузор бошад:

1.Донишҷӯ Ватани худро дӯст дорад!
Дӯст доштани Ватан ва ҳифзи он қарзи шаҳрвандии ҳар як ҷавон аст ва донишҷӯ бояд Ватани худро дӯст дорад. Ба рамзҳои давлатӣ ва арзишҳои миллӣ эҳтором гузорад. Шахсе, ки Ватани худро дӯст намедорад вай чӣ гуна таҳсил мекунад ва чӣ гуна барои Ватани хеш нафъ мерасонад? Шахсе ки Ватанашро дӯст намедорад, ӯ ҳеҷ гоҳ дар фикри ободонӣ нест ва ҳамеша зиён расонида наъфаш на ба халқ мерасаду на бар давлату миллат.

2. Ба донишгоҳ ё донишкада (мактаб) эҳтиром гузорад!
Ин махзани илму дониш, ҷойгоҳест, ки ҳазорон нафарро таълиму тарбия кардааст. Ин макони илму маърифат, меҳру муҳаббат, сидқу садоқат, ҷойгоҳест, ки дар ӯ инсон бахти худро меёбад. Ин маконест, ки ба инсон хушбахтӣ меорад ва инсонро сарбаланд мегардонад. Маконест муқаддасу пурҳикмату бо меҳр ва ҷойгоҳест пур зи касбу ҳунар.

3.Нисбати омӯзгорон боэҳтиром бошад!
Оре, омӯзгорон арзандаи эҳтироманд ва бояд мо сидқан ба онҳо эҳтироми хосае дошта бошем, чунки маҳз ҳамин омӯзгоранд, ки чашми (нобино)-и моро бино мекунанд, пои норовои моро мекушоянд. Ин аст, ки аз қадимулайём аҷдодони мо нисбати омӯзгорон эҳтироми хосае доштанд. Имрӯз баъзе ҷавонон мегӯянд, ки ба мо омӯзгор лозим нест! Не, не ин хатои бузург аст, чунки бе омузгор инсон гоме гузошта наметавонад ва дар ин мавзӯъ Маликушшуаро устод Рӯдакӣ мегӯяд:

Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,

Шавад тира аз бехирад рӯзгор.

Омӯзгор шахсест, ки ростиро ба шогирд меомӯзад, ҳақиқат, роҳи рости зиндагӣ ва дӯст доштани Ватанро ба инсон мефаҳмонад ва дар синаи ҳар як тифли навзод шӯъла ва тухми илм мепошад.
4. Одобро риоя кунад!
Оре, одоб ин хислати хуби инсонист ва бояд мо дар ҳама ҷо одобро риоя намоем: дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, дар донишгоҳ, дар синфхонаҳо, дар даҳлезҳои донишгоҳ одобро ба ҷо орем, то ки намунаи ибрати дигарон бошем. Барҳақ мутафаккири тоҷик фамудааст:

Адаб тоҷест аз нури илоҳӣ,

Бинеҳ бар сар, бирав ҳар ҷо ки хоҳӣ.

5.Дар вақти муайяншуда ба донишгоҳ ҳозир шавад!
Агар донишҷӯ ба дарс дер ояд, он нишонаи беодобии ӯ ва нағз тарбия нагирифтани ӯ мебошад. Агар донишҷӯ як маротиба ба дарс дер ояд, аз лексия қафо мемонад ва барои кӯчонидани лексия ба дафтари худ вақти иловагӣ лозим аст ва баъзе донишҷӯён бо баҳонаи аз хотирам баромад гӯён ба устодон дурӯғ мегӯянд, ки ин ба танбалӣ ва коҳилӣ оварда мерасонад. Танбалӣ бошад, сарчашмаи бебарорист. Барои инсони бобарору муваффақ будан, ҳамеша фаъолу дақиқкор бошед.

6. Нисбати ҳамсабақон эҳтироми хосае дошта бошад!
Ҳамсабақ ин ёру рафиқ, дӯст ва бародар мебошад.Туро чӣ дар зиндагӣ, чӣ дар омӯхтани илм кӯмак мекунанд. Хислати инсонҳо гуногун аст ва донишҷӯёнро лозим меояд, ки расми хуби тоҷиконро гум накунанд ва ҳамеша ба дӯстию рафоқат арҷ гузоранд. Душанбе маркази Тоҷикистон аст ва ҳазорон нафар сайёҳон ба пойтахти тоҷикон меоянду мераванд ва моро зарур аст, ки меҳру садоқат, дӯстиву бародарӣ, иззату эҳтироми тоҷиконаро ба онҳо нишон диҳем.

7.Луқма напартофтан дар дарсҳо!
Аз ҳама коре, ки донишҷӯ ба зиёни худаш мекунад, ин луқма партофатан дар дарсҳо аст. Баъзе донишҷӯён ҳангоме, ки омӯзгор мавзӯро меомӯзонанд, луқмае партофта фикри устодро дигар тараф парешон мекунанд ва вақти азизи худро аз даст медиҳанд, ё ки ҳангоми суханронии устод саволҳое медиҳанд, ки устод маҷбур мешавад, мавзӯро монда дар доираи он суол вақти зиёди худро сарф намояд. Донишҷӯ худ намедонад, ки зиён ба кист, омӯзгор ё донишҷӯ?

8.Машварат намояд!
Дар ин хусус гуфтанӣ ҳастам, ки ба донишҷӯёни курсҳои якум, ки онҳо бори аввал ба донишгоҳ омадаанд, бо донишҷӯёни курсҳои болоӣ сӯҳбат гузаронанд, аз онҳо маслиҳатҳо пурсанд ва ҳамеша бо онҳо дар иртибот бошанд. Ҳангоми гузаронидани маҳфилҳои илмӣ, фарҳангӣ, озмунҳо ва дигар чорабиниҳои донишкадавию шаҳрӣ бо ҳам маслиҳат намоянд, то дар ҷое дар намонанд.

9.Хомӯширо риоя намояд!
Вақте, ки омӯзгор ба синфхона ҳозир мешавад, хомӯширо бояд риоя кард, ё ки ҳангоме, ки мо ба дарс тайёр нестем, ҳамсабақонро гӯш карда, аз ҷавобҳои онҳо баҳрае бардорем. Мутаассифона, имрӯз дар донишгоҳҳо донишҷӯёне ҳастанд, ки на худ мехонанд ва на каси дигарро хондан мемонанд. Ҳангоми ҳамсабақонашон дарсро ҷавоб додан онҳо бо овози баланд механданд, ки ин ба рӯҳафтодагии дигарон оварда мерасонад.

10.Сару либоси муқарраргардидаро риоя намоянд!
Донишҷӯро ҳамон сару либосаш зеб медиҳад ва зебандаи донишҷӯ ин шиму кастюм ва галстук барои писарон ва ба духтарон либосҳои тавсия додаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хубтару беҳтар мебошад.

11.Донишҷӯ ва илм
Донишҷӯ бояд ҳамеша дар ҷустуҷӯ бошад ва барои дарёфти илм кӯшиш кунад, то қатрае аз баҳри илм ба даст орад. Донишҷӯ ҳангоме, ки панҷ сол мехонад, бояд соҳиби маълумот шавад, барои ин пайваста ӯро зарур аст, ки омӯзаду ҷустуҷӯ кунад. Дар ин радиф донишҷӯро зарур аст, ки адабиётҳои илмӣ ва бадеиро бештар хонад, то баҳрае аз баҳри беканори илм бардорад.

12.Донишҷӯ ва таҳқиқ
Донишҷӯ ин маънои талаб ва ҷӯстани донишро дорад. Ба ин хотир бояд донишҷӯ нуқтасанҷ бошад ва дар куҷое, ки хатогиро дид ё эҳсос кард, омада назди ҳамсабақон ва омӯзгор онро мавриди баррасӣ қарор диҳад. Ва агар лозим шавад ба адабиётҳои илмӣ сару кор гирад.

13.Донишҷӯ ва китоб
Китоб беҳтарин дӯсти инсон аст. Донишҷӯ бояд пайваста дар ҷустуҷӯи китоб бошад, зеро шуури инсон бо хондани китоб инкишоф меёбад. Мо чӣ қадар адабиёти бою рангин дорем, аммо шумораи ками хонанда дорем, ки боиси таассуф аст. Дарҳои китобхонаҳои донишгоҳу донишкада ҳамеша барои донишҷӯён боз аст, лекин шумораи хонанда бениҳоят кам, ё ки Китобхонаи миллӣ беҳтарин китобхона асту шумораи хонандагон дар толори хониш ангуштшумор.

14.Донишҷӯ ва санъат
Донишҷӯ бояд ҳамеша бо санъат ва фарҳанг пайвастагӣ дошта бошад, зеро санъати воло ва фарҳанги асил хоси тамаддуни мардуми ориёнажод аст. Арҷгузорӣ ба санъат ва таъриху фарҳанги ниёгон қарз ва вазифаи муқаддаси насли навин аст.

15. Донишҷӯ ва корҳои ҷамъиятӣ
Донишҷӯён бояд ҳамеша дар ҳама гуна чорабиниҳои ҷамъиятӣ иштирок намоянд, то ки саҳми арзандаи худро дар раванди ҳаёти иҷтимоии ҷомеа гузошта, ҳунар омӯзанд, ки ин ҳама бар манфиати миллату давлат ва наздикону пайвандони худ буда, нақши бориз дар ташаккул ёфтани онҳо ҳамчун шахс мегардад.
Ин буд чанд маслиҳати муфиде оиди рафтору кирдор дар донишгоҳу донишкадаҳо. Ҳамсабақони азиз! Аз маслиҳатҳо ва гуфтаҳои боло нафъ мегирему зиён не!

Каримҷон Салимов, донишҷӯи курси сеюми Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода

Add comment

Security code
Refresh