TOJ :: RUS:: ENG

Шоҳи даврон

  

Эй Пешвои миллат, ҳам раҳнамои миллат,

Марди бо ақлу хирад, ҳам қаҳрамони миллат.

Осуда қалби моён, эй шоҳи Тоҷикистон,

Меҳри ту дар дили мо, хонем суруди миллат.

Арбоби давлат астӣ, дар арсаи ҷаҳонӣ,

Лаб бар сухан кушоӣ, аз номи халқу миллат.

Исми ту меҳрбор аст, рӯи ту нурбор аст,

Раҳмон мададгор аст, бар шоҳу халқу миллат.

Аз халқи  худ ризоӣ, раҳбару раҳнамоӣ,

Ҳарҷо, ки по гузорӣ, баҳри дифои миллат.

Меҳри Ватан ба дил ҷо, дар қалби халқ шуда ҷо,

Обод кардӣ мулкро, ҳамроҳи ҳалқу миллат.

Номат чу шоҳи тоҷик андар китоби шуҳрат,

Навишта шуд бо зар, ҳамроҳи номи миллат.

                                                                     Салимзода Б.Ҷ.

 

Add comment

Security code
Refresh