TOJ :: RUS:: ENG

Далери номдор

Эй далери номдори ин замон,

Марди майдон, ҳам хирадманди ҷаҳон.

Офтоби нурбахшӣ баҳри мо,

Марди неку нуктадону меҳрубон.

Аз ҳама шоҳони олам беҳтарӣ,

Бо ту зебад тахту тоҷу сарварӣ.

Исми покат гашта машҳури ҷаҳон,

Аз ту бошад ифтихори тоҷикон.

Ҳомии мо, бахти мо, иқболи мо,

Пуштибони сулҳу истиқлоли мо.

Исми Раҳмон ин замон вирди забон,

Файзбахши хонадони тоҷикон.

Муродзода Мӯҳсин Муқим, донишҷӯи курси 4-уми Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ 

Add comment

Security code
Refresh