TOJ :: RUS:: ENG

Ватан

Бӯи ҷаннат ояд аз сӯйи Ватан,

Мешавад аз бӯйи ӯ хуш руҳу тан.

Кӯҳи зар н-ояд баробар бар кафи хоке зи ту,

Зинда медорад маро як ҷуръаи ҷӯи Ватан.

Эй Ватан бо ёди ту ояд маро шеъре ба лаб,

Ҳаст муқаддас аз бароям як кафи хоки Ватан.

Ғамзаи дил дар замири хотирам болидааст,

Аз сафои шуълаи рахшони дилҷӯи Ватан.

Ҳар замоне дур бошам аз канорат лаҳзае,

Во дареғо ҳасрати ман дар сари кӯи Ватан.

Менамояд васфи ту бо савти дил, бо шеъри нав,

Нурмуҳаммад боз боло карда обрӯи Ватан. 

Мирзоев Нурмуҳаммад Собирович, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Add comment

Security code
Refresh