TOJ :: RUS:: ENG

Муроҷиати ҷавонони Тоҷикистон ба созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон оид ба изҳороти Шӯрои сиёсии ҲНИТ аз 26 январи соли 2016

Баъди ба вуқӯъ пайвастани ҳодисаҳои моҳи сентябри соли 2015 мо ҷавонони Тоҷикистон ба хулосае омадем, ки бори дигар ба созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон муроҷиат карда бигӯем: «Он ашхосе, ки имрўз дар кишварҳои Аврупо паноҳ бурда, ба сари мардуми азияткашидаи тоҷик санги маломат мезананд, мехоҳанд, ки ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнини содирнамудаи худ ва ҳаммаслаконашонро ба ҳамин роҳу восита руйпӯш намоянд».

Собиқ Раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ вақте, ки ҳодисаҳои моҳи сентябри соли 2015 рӯй доданд, дар Тоҷикистон қарор надошт ва кӣ медонист, ки бо кадом мақсаду маром ӯ тарки Тоҷикистон карда буд. Ҷои баҳс нест, ки собиқ муовини Вазорати мудофиа Абдуҳалим Назарзода хост бо роҳи хунрезӣ табаддулоти давлатӣ кунад. Вале хиради азалии мардуми тоҷик бори дигар боло гирифта, онҳо нагузоштанд, то саркардагони ҲНИТ нақшаҳои ғаразноки хешро, ки чандин сол боз инҷониб тарҳрезӣ карда буданд, бо рехтани хуни ноҳақ амалӣ намоянд.
Агар ин хел набошад, пас барои чӣ саркардагони ҲНИТ барои худ ва фарзандонашон аз пули хоҷагони хориҷӣ ва муфт ба даст оварда ва аз ҳисоби аъзоёни ҳизб дар хориҷи кишвар хонаҳои истиқоматӣ ва бустонсарой хариданд. Зану фарзанд ва аҳли хонаводаҳои худро пешакӣ ба ин кишварҳо кӯчонданд. Ниятҳояшон ғаразнок намебуд, пас чаро ба ин иқдомҳо даст заданд?
Мо ҷавонони Тоҷикистон такроран ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ба воситаи ахбори омма муроҷиат карда гуфтанием, ки таи 24 сол Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ, аз ҷумла барои ҲНИТ баробар замина фароҳам оварда, имконияти сиёсӣ дод, ки фаъолияти худро дар асоси Сарқонуни кишвар ба амал бароранд ва ба мардуми Тоҷикистон хизмат кунанд. Барои тараққиёт, рушд ва пешрафти ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳмгузор бошанд, лекин сол аз сол аз рафтору кирдори саркардагон ва аъзоёни ҳизб маълум мегардид, ки мақсаду маромашон тамоман дигар аст ва ҳама вақт фурсати муносиберо интизоранд.
Барои мисол чанд нуктаро оид ба кирдор ва рафтори аъзоёни ин ҳизби экстремистӣ ба созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон барои андешаронӣ пешкаш менамоем:
1. Соли 2009 вақте, ки собиқ Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Мирзо Зиеёвро бо лақаби «Мирзо-ҷага» аз вазифааш барканор карданд, ӯ инро таҳаммул накарда ба зодгоҳаш минтақаи Тавилдара рафта, барои худ гуруҳи мусаллаҳ аз ҳисоби аъзоёни ҲНИТ омода намуда, мақсади ғасби ҳокимиятро дар минтақаи Тавилдара кашид, вале мардуми оддии ин маҳал ниятҳои ғаразноки ӯро фаҳмида, баръакс аз ӯ рӯй гардониданд. Оқибат ба кормандони мақомоти қудратии кишвар муқобилият нишон дода ба ҳалокат расид. Аз ӯ ва ҳаммаслакони ба даст афтодааш, яроқу аслиҳаи зиёде мусодира карда шуд. Дар ҳамон давра боре ҳам ҲНИТ дар ин бора изҳороте пахш накарда, баръакс ба рӯи ҷиноятҳои содирнамудаи Мирзо Зиёев ҷомаи сиёсӣ пӯшонид.
2. Солҳои 2010-2011 ниятҳои ғаразноки ҲНИТ-ро яке аз саркардагонаш, ки дар хориҷи кишвар ва дар кофтукови байналмилалӣ қарор дошт, Раҳимов Абдулло бо лақаби «Мулло Абдулло» маҳз бо дастгирии бевоситаи раҳбарон ва аъзоёни фаъоли ҲНИТ дар минтақаи Рашт давом дода, мехостанд, ки бо роҳи хунрезӣ бори дигар мардуми азияткашидаи ин минтақаро ба даргириҳо бикашанд. Мо ҷавонон хотираи неки 28 нафар сарбозони ҷавони Вазорати мудофиаро, ки барои хизмати Ватан-Модар ба дараи Камароби минтақаи Рашт сафарбар шуда буданду дар дил орзую ҳавасҳои ҷавонӣ доштанд ва аз тири нохалафи маҳз аъзоёни ин ҳизби экстремистӣ кушта шуданд, ҳеҷ гоҳ фаромӯш наҳоҳем кард. Пурсида мешавад, ки ҷавоби ин ҳодисаи мудҳишро кӣ мегӯяд, дар ҳамин ҳам ҳукумат гунаҳгор аст?
Ҳамаи ин ҷинояткороне, ки бо Мулло Абдулло пайвастанд ва бар зидди давлату миллат бархостанд, ҳамаашон аъзоёни ҲНИТ буданд. Оид ба ин ҳодисаҳои ҳузнангез боре ҳам саркардагони ҲНИТ изҳорот пахш накарданд ва ба падару модароне, ки ҷигарбандони худро дар ин ҳодисаҳо аз даст доданд, ҳарфи тасаллият ҳам нагуфтанд.
3. Соли 2015 моҳи сентябр шахсе, ки аз мухолифин ба сохтори Ҳукуматӣ шомил гардида буд ва ба вазифаи муовини Вазорати мудофиа таъин ва то рутбаи генералӣ расида, аз ҳамаи манфиятҳои вазифавӣ бархурдор буд - Абдуҳалим Назарзода, вале дилу нияташ, ки нопок буд, хост бо истифода аз ваколатҳои мансабӣ бо роҳи табаддулоти ҳарбӣ ҳокимиятро тасарруф намояд. Дар ин ҳодиса низ дасти бевоситаи саркардагони ҲНИТ, махсусан Муҳиддин Кабирӣ ва хоҷагони хориҷии онҳо буд ва тамоми мардуми Тоҷикистон аз ин хабардор аст.
4. Ба ҳамагон маълум аст, ки маҳз аз ҲНИТ созмони террористии «Ансоруллоҳ» пайдо шуда, ба ҷиноятҳои фаромиллӣ аз қабили таркиш, куштор ва қатли мардуми бегуноҳ дар давлатҳои Афғонистон, Покистон ва дигар минтақаҳои ҷаҳон даст зада, хуни мардуми бегуноҳро резонданд. Сарвари ин созмони террористӣ Амриддин Табаров бо лақаби «Мулло Амриддин» узви ҲНИТ буда, як қатор амалҳои террористӣ ва қатлу кушторро дар минтақаи Осиёи Миёна содир карда буд.
5. Саркардагон ва аъзоёни фаъоли ҲНИТ ба ҷойи тарбия намудани ҷавонон, баланд бардоштани ахлоқи ҳамидаи онҳо ва ташаккул додани маънавиёти мазҳабии равияи таҳаммулпазири Ҳанафия, баръакс дар зери ниқоби дини мубини Ислом ба ҷиноятҳои ахлоқӣ ва кирдорҳои ношоистаи аз мусулмонӣ дур даст зада, ба дини мубини Ислом доғ оварданд.
Ҷавонони Тоҷикистон саҳифаҳои таърихи навини тоҷиконро нағз медонанд, ки бо чӣ кадар азобу машаққат миллати тоҷик аз қарни асрҳо сар карда, то ба имрӯз зери роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба асли давлатдории хеш расидааст.
Аз ин рӯ мо ҷавонони Тоҷикистон бори дигар ба ҷаҳониён ба воситаи ахбори омма муроҷиат карда гуфтанием, ки он тӯҳмату бӯҳтон ва гуфтаҳои беасос, ки аз забони собиқ Раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш аз минбарҳои баланди созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои Аврупо садо медиҳанд, умуман асоси воқеӣ надоранд.

Ҷавонони Тоҷикистон

Add comment

Security code
Refresh