TOJ :: RUS:: ENG

Муроҷиатномаи ҷавонони Тоҷикистон ба роҳбарияти Ҷумҳурии Федеративии Олмон!

Мо ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарияти Ҷумҳурии Олмон ба воситаи Шумо муҳтарам Сафир, Ҷаноби Ҳолгер Грэн муроҷиат карда гуфтанием, Ҷумҳурии Федеративии Олмон яке аз давлатҳои тараққикардаи дунё ва Аврупо мебошад ва бо Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои дӯстона ва мутақобилан самарабахш дорад. Мардуми Олмон сулҳпарвар ва инсондӯст мебошад ва инро бори дигар дар сиёсати давлатии пешгирифтааш исбот намудаст, зеро, ки гурезагон бештар аз мамлакатҳои ҷангзада ба мисли Ироқу Сирия ва Афғонистон барои паноҳ ҷустан ва зиндагии ояндаи худро муайян намудан Ҷумҳурии Олмонро интихоб менамоянд. Ҷаноби Сафир, ба Шумо маълум аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар давлатҳои дунё баъди ба даст овардани истиқлолият барои баланд бардоштани некуаҳволии мардум, сохтани ҷомеаи демократӣ, сатҳи зиндагии мардум кӯшишу талош дорад. Инчунин дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ба мамлакатҳои дунё барои тараққӣ додани соҳаи иқтисодиёт, энергетика, иҷтимоӣ, маориф ва илм, фарҳанг ва маданият кӯшиш ба харҷ дода истодааст. Айни замон масъалаи терроризм ва экстремизм дар ҷаҳон ба яке аз масъалаҳои глобалӣ табдил ёфтааст ва ҳатто давлатҳои абарқудрати дунё наметавонанд дар танҳоӣ ба он муқобилият нишон диҳанд. Барои мисол тирамоҳи соли 2015 дар шаҳри Парижи кишвари Франсия террористон зиёда аз 130 нафар шаҳрвандони бегуноҳро ба қатл расониданд. Аз ин хулоса баровардан мумкин аст, ки террористон ва экстремистон аз ҳар методу усул истифода менамоянд то худро дар чашми ҷомеа тамоман бегуноҳ муаррифӣ намоянд. Ба ин мисол шуда метавонад роҳбари ҳизби террористӣ Муҳиддин Кабирӣ (собиқ ҲНИТ) ё ин, ки намояндагони гурӯҳи экстремистии «Гурӯҳи-24», шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарофиддин Гадоев, Додоҷон Атовуллоев барои худро ва ҳаммаслакони худро дар чашми ҷомеа, махсусан давлатҳои Аврупо нишон додан аз минбарҳои баланди Аврупо баромад намуда нисбати сиёсати имрӯзаи Тоҷикистон норозигӣ баён менамоянд. Мо ҷавонон ҳамсоли кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошем ва аз саҳифаҳои таърихи миллати хеш бохабар гаштем, ки бо чӣ қадар ҷонбозиҳо Тоҷикистон мустақилият ба даст овардааст. Тоҷикистониён чӣ будани терроризм ва ифротгароиро нағз медонанд ва ҳоло ҳам он рӯзҳои талх аз хотири падарон ва модарони мо нарафтааст. Ҷаноби Сафир! Мо ҷавонон изҳор менамоем, ки маҳз бо дастуру супоришҳои шахсони дар боло номбаргардида рӯзи 3 ба 4 сентябри соли 2015, собиқ муовини Вазири дифоъ Абдуҳалим Назарзода ва ҳаммаслаконаш кӯшиши табадуллоти давлатӣ намуданро карда, боз хуни ноҳақ рехтанд. Ҳарчанд бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ҳизби террористӣ эълон гардидаву, худи Муҳиддин Кабирӣ ва дигарон ба мисли Додоҷон Атовуллоев, Шарофиддин Гадоев ва ҳаммаслакони онҳо дар кофтукови байналмилалии «Интерпол» қарор доранд, ин кишварҳои ба ном «демократӣ» асли воқеаро нодида гирифта, барои тарғиби ақидаҳои ифротгароёна ва тафриқаандозии мардуми тоҷик барои онҳо боз заминаю шароит муҳайё месозанд. Хеле ҷои таассуф аст, ки имрӯз баъзе аз қувваҳои беруна дастовардҳои миллати тоҷикро нодида гирифта, нафаронеро дастгирӣ кардан мехоҳанд, ки халқи худро ба гумроҳию нобудӣ бурда, миёни мардум тухми бадбинию адоват мекоранд. Ҳар як кишвари мутамаддин танҳо бо роҳи мусолиҳа, нигоҳдории тинҷиву оромӣ ва осудагии мардуми он пеш хоҳад рафт. Ҷаноби Ҳолгер Грэн! Мо ҷавонони Тоҷикистон ба воситаи Шумо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон муроҷиат намуда хоҳиш менамоем, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қабили Муҳиддин Кабирӣ, Додоҷон Атовуллоев, Шарофиддин Гадоев ва ҳаммаслаконашон, ки барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин гумонбар мебошанд ва айни замон дар Ҷумҳурии Олмон маскан гирифтаанд, дастгир карда шаванд ва бо роҳҳои дипломатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шаванд.

Ҷавонони Тоҷикистон

Add comment

Security code
Refresh