TOJ :: RUS:: ENG

Муроҷиати ҷавонони Тоҷикистон ба сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Ҷаноби Хидайет Бишчевич

Ногуфта намонад, ки маротибаи дуюм аст, ки мо ҷавонони Тоҷикистон ба Шумо Ҷаноби сафир, Хидайет Бишчевич муроҷиат менамоем ва мутаасифона то ба имрӯз вобаста ба муроҷиати пешинаамон посух нагирифтаем.

Ҷаноби Сафир!

Ба вуқӯъ пайвастани ҳодисаҳои хунини моҳи сентябри соли 2015 мо ҷавонони Тоҷикистонро ба хулосае овард, ки бори дигар ба воситаи Шумо ба Иттиҳоди Аврупо муроҷиат намуда бигӯем, он ашхосе, ки имрӯз дар кишварҳои Аврупо пайдарҳам дари созмонҳоро куфта, паноҳ меҷӯянд ва аз ин истифода намуда, ба сари мардуми азияткашидаи тоҷик санги маломат мезананд, ашхосе ҳастанд, ки мехоҳанд ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнини содирнамудаи худ ва ҳаммаслаконашонро ба ҳамин роҳу восита рӯйпӯш намоянд.
Муҳиддин Кабирӣ собиқ Раиси ҲНИТ вақте, ки ҳодисаҳои моҳи сентябри соли 2015 рӯй доданд, дар Тоҷикистон қарор надошт ва кӣ медонист, ки бо кадом мақсаду маром ӯ тарки Тоҷикистон карда буд. Ҷои баҳс нест, ки собиқ муовини Вазорати мудофиа Абдуҳалим Назарзода хост бо роҳи хунрезӣ табаддулоти давлатӣ кунад. Вале хиради азалии мардуми тоҷик бори дигар боло гирифта, онҳо нагузоштанд, то саркардагони ҲНИТ нақшаҳои ғаразноки хешро, ки чандин сол боз инҷониб тарҳрезӣ карда буданд, бо рехтани хуни ноҳақ амалӣ намоянд.
Иттиҳоди Аврупо ва дигар созмону ташкилотҳо нағз медонанд, ки саркардагони ҲНИТ барои худ ва фарзандонашон аз пули муфт ба даст овардаашон аз ҳисоби аъзоёни ҳизб дар хориҷи кишвар хонаҳои истиқоматӣ ва бустонсарой хариданд. Аҳли хонаводаҳои худро пешакӣ ба ин кишварҳо кӯчонданд. Ба аврупоиҳо маълум аст, ки ин ашхос барои содир кардани ниятҳои ғаразноки худ кайҳо боз тайёрӣ дида буданд.
Мо ҷавонони Тоҷикистон такроран ба Иттиҳоди Аврупо ба воситаи Шумо Ҷаноби Сафир, муроҷиат карда гуфтанием, ки таи 24-сол Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ, аз ҷумла барои ҲНИТ баробар замина фароҳам оварда, имконияти сиёсӣ дод, ки фаъолияти худро дар асоси Сарқонуни кишвар ба амал бароранд ва ба мардуми Тоҷикистон хизмат кунанд. Барои тараққиёт, рушд ва пешрафти ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол нақшгузор бошанд, лекин баръакс сол аз сол дар сафи ин ҳизб террористон ва экстремистон зиёд шудан гирифтанд.
Барои мисол чанд нуқтаро оид ба кирдор ва рафтори аъзоёни ин ҳизби экстремистӣ ба Иттиҳоди Аврупо барои андешаронӣ пешкаш менамоем:
1. Собиқ Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзо Зиеёв бо лақаби «Мирзо-ҷага» соли 2009 вақте, ки аз вазифааш барканор гардид, ба зодгоҳаш минтақаи Сангвор (Тавилдара) рафта, барои худ гурӯҳи мусаллаҳ аз ҳисоби аъзоёни ҲНИТ омода намуда, мақсади ғасби ҳокимиятро дар минтақаи Сангвор (Тавилдара) кашид, вале мардуми оддии ин минтақа ниятҳои ғаразноки ӯро фаҳмида, баръакс аз ӯ рӯй гардониданд. Оқибат дар муқобилят бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ба ҳалокат расид. Аз ҳаммаслакони зинда ба даст афтодааш яроқу аслиҳаи зиёде мусодира карда гирифта шуд.
Агар гурӯҳи Мирзо Зиёев ва ҲНИТ «ҳалқаи як занҷир» намебуданд, пас чаро дар ин боре ҳам ҲНИТ изҳорот пахш накарда, баръакс ба рӯи ҷиноятҳои содирнамудаи Мирзо Зиёев ҷомаи сиёсӣ пӯшонид.
2. Саркардаи дигари ин ҳизб, ки солҳои тулонӣ дар кофтукови байналмилалӣ қарор дошт, Раҳимов Абдулло бо лақаби «Мулло Абдулло» солҳои 2010-2011 ниятҳои ғаразноки ҲНИТ-ро дар минтақаи Рашт амалӣ карданӣ шуд.
Пурсида мешавад, ки агар дастгирии ҲНИТ намешуд, пас чӣ гуна ин ҷинояткор метавонист, дар ин минтақа пайдо шавад ва хуни 28 нафар сарбозони ҷавони Вазорати мудофиаро, ки барои хизмати Ватан-Модар ба дараи Камароби минтақаи Рашт сафарбар шуда буданд ва дар дил орзую ҳавасҳои ҷавонӣ доштанд, аз тири нохалафи маҳз саркардагон ва аъзоёни ҳамин ҳизби экстремистӣ кушта шуданд.
Ҳамаи ин ҷинояткороне, ки бо Мулло Абдулло пайвастанд ва бар зидди давлату миллат бархостанд, ҳамаашон аъзоёни ҲНИТ буданд. Оид ба ин ҳодисаҳои ҳузнангез боре ҳам саркардагони ҲНИТ изҳорот пахш накарданд ва барои падару модароне, ки ҷигарбандони худро дар ин ҳодисаҳо аз даст доданд, ҳарфи тасаллият ҳам нагуфтанд.
3. Абдуҳалим Назарзода аъзои ҲНИТ аз мухолифин ба сохтори Ҳукуматӣ шомил гардида, ба вазифаи муовини Вазорати мудофиа таъин гардида, то рутбаи генералӣ расид аз ҳамаи манфиатҳои вазифавӣ бархурдор буд, вале дилу нияташ, ки нопок буд, моҳи сентябри соли 2015 хост бо истифода аз ваколатҳои мансабӣ бо роҳи табадуллоти ҳарбӣ ҳокимиятро ғасб намояд. Дар ин ҳодиса низ дасти бевоситаи саркардагони ҲНИТ, махсусан Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш буд, ки инро натанҳо тамоми мардуми Тоҷикистон балки тамоми ҷаҳониён медонанд.
4. Ба ҳамагон маълум аст, ки маҳз аз ҲНИТ созмони террористии «Ансоруллоҳ» пайдо шуда, ба ҷиноятҳои фаромиллӣ аз қабили таркиш, куштор ва қатли мардуми бегуноҳ дар давлатҳои Афғонистон, Покистон ва дигар минтақаҳои ҷаҳон даст зада, хуни мардуми бегуноҳро резонданд. Табаров Амриддин бо лақаби «Мулло Амриддин» узви ҲНИТ буд, сарварии ин созмони террористиро ба ӯҳда дошт ва як қатор амалҳои террористӣ ва қатлу куштор дар минтақаи Осиёи Миёна содир карда буд.
5. Саркардагон ва аъзоёни фаъоли ҲНИТ ба ҷойи тарбия намудани ҷавонон, баланд бардоштани ахлоқи ҳамидаи онҳо ва ташаккул додани маънавиёти мазҳабии равияи таҳаммулпазири Ҳанафия, ки аксарияти мардуми Тоҷикистон пайрави ин равия мебошанд, баръакс дар зери ниқоби дини мубини Ислом ба ҷиноятҳои ахлоқӣ ва кирдорҳои ношоистаи аз мусулмонӣ дур даст зада, ба дини мубини Ислом доғ оварданд.
Ҷаноби Сафир! Иттиҳоди Аврупо бояд донад, ки Тоҷикистон аз рӯи мавқеъи ҷуғрофии худ дар минтақае ҷойгир аст, ки садди роҳи паҳншавии падидаҳои терроризм ва экстремизм ба кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ, Русия ва Аврупо мебошад.
Мо ҷавонон ба он ақидаем, ки бояд арзишҳои аврупоӣ аз «сиёсати дугона» ҳамеша ҷудо бошанд ва аврупоиҳо бояд сиёҳро аз сафед фарқ кунанд, зеро он ашхосе, ки худро шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ намуда, ба номи Тоҷикистони соҳибистиқлол доғ меоваранд ба ҷузъ як гурӯҳи ҷиноятпеша аз қабили Додоҷон Атовуллоев, Абдумалик Абдуллоҷонов, Шарофиддин Гадоев, Муҳиддин Кабирӣ ва чанде дигарон, дигар касе нестанд.
Аз ин рӯ мо ҷавонони Тоҷикистон бори дигар ба Иттиҳоди Аврупо муроҷиат карда гуфтанием, ки он тӯҳмату бӯҳтон ва гуфтаҳои беасос, ки аз ҷониби собиқ Раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш аз минбарҳои баланди давлатҳои Аврупо садо медиҳанд, умуман асоси воқеӣ надоранд.
Ҷавонони Тоҷикистон

Add comment

Security code
Refresh