TOJ :: RUS:: ENG

ВОХӮРИИ ВАЗИРИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ БО ҶАВОНОНИ ГУРӮҲИ «АВАНГАРД» ДАР НОҲИЯИ РАШТ

 

74331127 918595158497713_2343582070799859712_o
 

Рашт, 18.10.2019 /ТҶ “Авангард”/. Имрӯз Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар доираи сафари хизматӣ ба ноҳияи Рашт бо аъзоёни фаъоли гурӯҳи ҷавонони Авангарди минтақа ва ноҳияи Рашт вохӯрӣ доир намуд.
Вохӯрӣ бо мақсади тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи меҳнатдӯстӣ, иштирок дар корҳои ободонию созандагӣ, рушди ҳамкорӣ, мустаҳкам гардонидани дӯстию ягонагӣ ва саҳм гузоштан дар пешрафту шукуфоии Ватани азизамон баргузор карда шуд.

72843597 918595331831029_7689558057751150592_o

Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро зимни суханронии худ аз дастгириву ғамхориҳои рӯзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонон ёдовар шуда, иброз намуд, ки дар доираи ин ташаббусҳои созанда кормандони мақомоти корҳои дохилӣ пайваста бо донишҷӯён, аз ҷумла бо ҷавонони фаъоли намояндагони тамоми қишрҳои ҷомеа суҳбату вохӯриҳо баргузор менамоянд.
Дар Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидааст, ки «Ҳадафи сиёсати давлатии мо дар бахши ҷавонон тарбияи кадрҳо, мутахассисони донишманду соҳибмаърифат, насли дорои ҷаҳонбинии васеъ ва хислатҳои ватандӯстиву ватанпарастӣ мебошад».

Тавре маълум аст, яке аз омилҳои асосии рушди ҳар кишварро дар қатори дигар арзишҳо захираҳои инсонӣ, аз ҷумла ҷавонон ташкил медиҳад. Ин имкон медиҳад, ки сиёсати давлатии ҷавонон ҳамчун яке аз самтҳои муҳими рушди ҷомеа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таваҷҷӯҳи хосса қарор дода шавад.
Дар хотимаи вохӯрӣ Вазири корҳои дохилӣ ҷавононро ҷиҳати саҳм гузоштан дар пешгирии амалҳои ношоиста дар ҷомеа, ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хониши хубу аъло ва ахлоқи намунавӣ ҳидоят кард.

Сипас, дар қисмати тантанавии ин вохӯрӣ, Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро зиёда аз 50 нафар ҷавонони фаъоли гурӯҳи Авангарди минтақа ва ноҳияи Раштро телефону планшетхои замонави сарфароз гардониданд.

 

Add comment

Security code
Refresh