TOJ :: RUS:: ENG

Сухани рӯз

Бо мақсади баланд бардоштани маърифату маданияти ҷавонон, ифтихори миллию ҳисси ватандӯстӣ, саҳм гузоштан дар ободию пешрафти диёр, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳ ва ҳаракатҳои ғайриқонунии хусусияти террористию экстремистидошта, дар Қасри фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ ҷамъомади васеъ баргузор гардид.Дар ин ҷамъомад сардори ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ полковники милитсия Саидаҳмад Маҳмадҷонзода, муовини раиси ....
21.02.2017 03:23 541

  10-уми январи соли 2017, дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон бо иштироки ҷавонону донишҷӯёни тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Истиқболи ҷавонон аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2017 - соли ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор карда ....
12.01.2017 09:16 533

  Дирӯз (07.12.с.2016), дар толори
 маҷлисгоҳи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати 
Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии
Тоҷикистон бо иштироки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ҷавонони гурӯҳи «Пешоҳанг» ва устодону донишҷӯёни донишкадаи мазкур вохӯрӣ доир гардид. Дар ин
 мулоқоти судманд корманди Хадамоти кор бо ноболиғон ва ҷавонони ВКД Исломиддин Одинаев, муовини роҳбари гурӯҳи ҷавонони «Пешоҳанг» ....
08.12.2016 11:42 840

  Бо мақсади дар рӯҳияи ватандӯстию ватанпарварӣ ва ба қадри Ватан – Модар расидани ҷавонон, дарк намудани калимаҳои ҷиҳод, терроризму экстремизм, пешгирӣ намудани ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгароӣ ҳафтаи равон дар муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе вохӯрӣ бо кормандони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ....
26.11.2016 07:26 890

  Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 - уми ноябри соли 1992 қабул карда шуда, матоъи роскунҷаест, ки аз се рахи рангаи уфуқӣ иборат аст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он бо рахи поёнии сабз баробар мебошад, рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои ҳар яке ....
22.11.2016 06:57 1067

      Тамокукашӣ одати бад буда, он ба саломатии инсон зиëн мерасонад. Носкашӣ бошад, дар баробари зарари ҷисмонӣ хислати нофорам буда, гирифторони ин амал аслан шахсони бекор ва кӯчагард мебошанд. Ин амали онҳо аз паст будани сатҳи маърифатнокиашон шаҳодат медиҳад. Мутаассифона, миëни ин тоифа ашхос занҳо ҳам дучор меоянд ва ин ....
22.11.2016 06:37 798

  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз фарзандони баруманди миллат мебошад, ки аз давраҳои аввали роҳбариаш насли ҷавонро дастгирӣ менамояд. Дар баромади худ қайд менамояд, ки «Ҷавонон ояндаи милат ҳастанд». Мо ҷавонони содиқи Ватан аз дастгириҳои Пешвои миллат сипосгузор ҳастем, ки ба мо ....
18.11.2016 11:43 1550

  Дар Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе бахшида ба «Рӯзи Президент» мизи муддавар дар мавзӯи «Президент ва 25 соли Истиқлолият» баргузор гардид. Ҳамчунин дар ҳама гурӯҳҳо дар соатҳои тарбиявӣ намоиши филмҳои мустанади «25-соли Истиқлолият» намоиш дода шуда,  тариқи радиои коллеҷ дар васфи Истиқлолият ва «Рӯзи Президент» баромадҳо ва шеърхониҳо аз ҷониби донишҷӯён ....
18.11.2016 11:37 890

  15 ноябри соли 2016, бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбат – вохӯрии аъзоёни Раёсати Шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино якҷоя бо устодони кафедраҳои «Забони тоҷикӣ» ва «Тибби ҳарбӣ» дар толорҳои кафедраҳои номбурда дар вақти дарси тарбиявии донишҷӯён доир гардид. Чорабинӣ дар кафедраи ....
17.11.2016 09:23 654

31-уми октябри соли 2016, дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ Ибни Сино бахшида ба «Рӯзи Конститутсия» - и Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулияти навбатии маҳфили «Ҷавонони асри ХХI» дар мавзӯи «Сабабу омилҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва пешгирии ин падидаи номатлуб» бо иштироки беш аз ....
02.11.2016 11:09 657