TOJ :: RUS:: ENG

Сафари ҷавонони «Авангард» ба шаҳри Панҷакент

24-25-уми июли соли равон, ҷавонони гурӯҳи "Авангард" ба шаҳри Панҷакент сафар намуда, дар доираи сафар аз минтақаҳои таърихии ин куҳандиёр дидан намуданд.

Бояд гуфт, ки дар ин сафар зиёда аз 35 нафар ҷавонон аз тамоми гӯшаву канори мамлакат ҷамъ омада, дар қатори шиносоӣ аз ҷойҳои таърихӣ боз ба деҳаи Амондараи ҷамоати Амондараи шаҳри Панҷакент омада, бо мардуми аз офати табиии баҳори имсола зарардида ҳамсӯҳбат шуда, аз ҳисоби худ кӯмак расонданд.

Инчунин ҷавонон ба кӯдакони деҳа тӯҳфаҳо дар намуди шириниҳо пешкаш карда, бо онҳо чун бо додаракону хоҳаракони худ ҳамсӯҳбат шуда, шеъру суруд замзама карданд.

Раиси ҷамоати деҳоти мазкур аз ин иқдоми пешгирифтаи ҷавонони кишвар изҳори миннатдорӣ карда, иброз дошт, ки дар ҳақиқат имрӯз ҷавонон нерӯи созанда ва пешбарандаи ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистон мебошанд.

Ҷавонони гурӯҳи "Авангард" баъдан ба ҷамоати деҳоти Саразм ташриф оварда, аз ин шаҳри қадимаи тоҷикон дидан намуданд.

Зимни боздид диққати онҳоро бештар ёдгориҳои таърихӣ аз қабили корд, найза, зару зевари ороишӣ, ашёҳои рӯзгор, ки аз ин ҷо бозёфт гардидаанд, ҷалб намуд.

Тибқи нақшаи сафар имрӯз ҷавонон дар кори конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи "Ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат", ки бо иштироки доираи васеи ҷавонони шаҳри Панҷакент баргузор мегардад, ширкат меварзанд.

Аз ҷараёни конференсия иловатан иттило дода мешавад.

Гул Маҳбуба

Add comment

Security code
Refresh