TOJ :: RUS:: ENG

Раҳматномаи роҳбарияти ВКД ба гурӯҳи ҷавонони «Авангард»

Гурӯҳи ҷавонони «Авангард» дар якҷоягӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама чорабиниҳои фарҳангию сиёсӣ, илмию таълимӣ ва тарғиботию варзишии кишвар иштироки фаъолона намуда, дар ҳамкорӣ бо кормандони милитсия дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон ҳиссаи арзандаи худро мегузоранд.

27-уми июни соли 2017 бахшида ба таҷлили 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат чорабинии бошукӯҳ баргузор гардид, ки дар он аъзоёни гурӯҳи ҷавонони «Авангард» иштироки фаъолона намуда, нақши созандаи худро гузоштанд.

Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро барои ҳамкорӣ бо мақомоти милитсия ва гузоштани саҳми назаррас дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва зоҳир намудани ҳисси баланди ватандӯстию ватанпарастӣ зимни баргузории чорабиниҳои идона бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба гурӯҳи ҷавонони «Авангард» ва ҷавонони фаъоли кишвар изҳори миннатдорӣ намуда, ба ҳамаи онҳо дар фаъолияти минбаъда ҷиҳати иштирок дар корҳои ободонию созандагӣ ва пешрафту шукуфоии мамлакат барору комёбиҳои беназир таманно менамояд.

Мавриди қайд аст, ки ҷавонони гурӯҳи «Авангард» бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу субот ва тинҷию оромӣ дар зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар донишгоҳу донишкадаҳо бо баҳои хубу аъло таҳсили илм намуда, ҷаҳду талош меварзанд, ки мутахассиси арзандаи касби интихоб намудаи хеш шаванд ва ба Ватану миллати худ содиқона хизмат намоянд.

Add comment

Security code
Refresh