TOJ :: RUS:: ENG

Баргузории конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи "Ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат"

Имрӯз (25.07.с.2017), дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи "Ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат" бо иштироки муовини Раиси шаҳри мазкур Зайнура Азимӣ, сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Бухоризода Мансур Ғоиб, гурӯҳи ҷавонони «Авангард» ва доираи васеи ҷавонони шаҳри Панҷакент доир гардид.

Конференсияи илмӣ-амалиро муовини Раиси шаҳри Панҷакент Зайнура Азимӣ ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро ба шаҳри таърихӣ ва овозадори Панҷакенти бостонӣ хайра мақдам гуфт.

Сипас, сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Бухоризода Мансур Ғоиб баромад намуда, доир ба иқдому ташаббусҳои созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони Истиқлолият муфассал маълумот дод.

Мавсуф ҳамчунин доир ба вазъи ҷинояту ҷинояткорӣ, пешгирии кирдору амалҳои хилофи қонун дар байни ноболиғону ҷавонон ва дигар масоили мубрам маърӯза намуда, ҷавононро ба омӯхтани илму дониш, созандагию ободкорӣ ва рӯҳияи ватандӯстию ватандорӣ ҳидоят намуд.

Дар идомаи конференсия ҷавонони фаъоли гурӯҳи «Авангард»: Мардихудо Давлатов дар мавзӯи «Мактаби бузурги сулҳофарии Пешвои миллат», Толибова Нигора оид ба нақши созандаи Пешвои миллат дар Ваҳдати миллӣ, Қурбонов Меҳроҷ вобаста ба пешравию тараққиёти соҳаҳои мухталифи ҳаётан муҳими кишвар бо дастгирию ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат ва дигарон баромад намуданд.

Дар хотимаи конференсия байни иштирокчиён саволу ҷавоб сурат гирифта, ҷавонони ноҳияи Панҷакент доир ба рушду тараққиёти кишвар дар заминаи иқдому ташаббусҳои саривақтии Президенти мамлакат андешаҳои худро баён доштанд.

Конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи "Ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат" ба ҷавонон руҳу илҳоми тоза бахшида, онҳоро ба сӯи фатҳи қуллаҳои баланд раҳнамун сохт.

Гул Маҳбуба.

Add comment

Security code
Refresh