TOJ :: RUS:: ENG

Аксияи "Беҳдошти муҳити зист» дар шаҳри Кӯлоб

Рӯзи 20-уми августи соли равон, бо ташаббуси ҷавонони фаъоли гурӯҳи «Авангард» ва донишҷӯёни шаҳри Кӯлоб дар ин шаҳри бостонӣ аксияи "Беҳдошти муҳити зист" таҳти унвони "Ҷавонон таблиғгари тарзи ҳаёти солим" бахшида ба "Соли чавонон" бо ҷалби бештари аҳолии шаҳр ва кормандону масъулини шаҳрдорӣ таҳти сарпарастии Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Кӯлоб баргузор гардид.

Аксияи мазкур бо мақсади тарбияи ҷавонон – донишҷӯён дар руҳияи меҳнатдӯстӣ, иштирок дар корҳои ободонию созандагӣ, рушди ҳамкорӣ, мустаҳкам гардонидани дӯстӣ, ягонагӣ, саҳм гузоштан дар пешрафт ва гулгулшукуфии Ватани азизамон роҳандозӣ гардида, мавқеи ҷавонони кишварро ҷиҳати дастгирии сиёсати давлатӣ, пешбарии сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ намуд.

Чунин иқдоми накӯ баҳри сарсабзу хуррам, ҳифзи муҳити зист, экология ва зебо гардонидани шаҳри Кӯлоб равона гардида, он кӯшишу ғайрати ҷавонони бонангу номуси миллатро дар корҳои ободонию созандагии кишвар баён месозад.

Бобоҷон Сафаралиев, аъзои гурӯҳи «Авангард».    

Add comment

Security code
Refresh