TOJ :: RUS:: ENG

Суғд: Қадршиносии ҷавонони гурӯҳи «Авангард»

596160

Бо супориши Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал - полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро рӯзи 14-уми январи соли 2019 дар толори маҷлисии Раёсати Вазорати корҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо иштироки муовини аввали сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар вилояти Суғд полковники милитсия Ализода Музаффар ва сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд полковники милитсия Саидзода Баҳром вохурӣ бо ҷавонони гурӯҳи «Авангард» доир гардид.
Дар вохӯрӣ сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсат полковники милитсия Саидзода Баҳром иброз дошт, ки ҷавонон ҳамчун неруи созанда бояд дар пайи омӯзиш бошанд, донишу ҷаҳонбинӣ, маҳорат ва қобилияти худро ба корҳое сарф намоянд, ки ба манфиати ҷомеа бошанд.
Дар ҷараёни мулоқот фаъолони гурӯҳи «Авангард» бобати мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва пешгирӣ аз падидаҳои номатлубе, ки ҳаёти ҷавононро доғдор месозад, фикру андешаҳои худро баён доштанд.

62

Ҳамчунин, фаъолони гуруҳи «Авангард» аз номи Вазири корҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд генерал - майори милитсия Назарзода Қудратулло Бобо бо туҳфа ва Сипосномаҳо қадршиносӣ карда шуданд.

Add comment

Security code
Refresh