TOJ :: RUS:: ENG

ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ ГУРӮҲИ ҶАВОНОНИ АВАНГАРДИ МИНТАҚАИ РАШТ ДАР СОЛИ 2018 ВА НАҚШАҲО ДАР СОЛИ 2019

ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ ГУРӮҲИ ҶАВОНОНИ АВАНГАРДИ МИНТАҚАИ РАШТ ДАР СОЛИ 2018 ВА НАҚШАҲО ДАР СОЛИ 2019  

63  

   Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи РВКД дар ноҳияи Рашт ҷамъбасти фаъолияти Гурӯҳи ҷавонони Авангард (Пешоҳанг) баргузор гардид. Дар вохурии мазкур рохбари Гурӯҳи ҷавонони Авангарди минтақаи Рашт Сироҷов Хуршед суханрони намуда ҳамаи аъзоёни гурӯҳро, ки аз ноҳияҳои минтақаи Рашт ташриф оварда буданд хайру мақдам намуд. Инчунин баъди вохӯри дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт вохӯрии Муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал майори милитсия Саидзода Маҳмадсаид Борон ва Сардори РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт генерал майори милитсия Азизулозода С.А бо ҷавонони гурӯҳи Авангард доир гардид. Дар охири суҳбат Муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал майори милитсия Саидзода Маҳмадсаид Борон ва Сардори РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт генерал майори милитсия Азизулозода С.А аз номи Вазири корҳои дохилии Ҷумхурии Точикистон генерал полковники милитсия мухтарам Раҳимзода Рамазон Ҳамро 50 адад туҳфахои солинавӣ ба иштирокчиёни ҳамоиш туҳфа намуданд, ки ин нишондиҳандаи асосии таваҷҷуҳи бевоситаи муҳтарам Вазир ба ҷавонони баруманду фаъоли кишвар мебошад. Фаъолияти гурӯҳи ҷавонони Авангард дар соли 2018 дар маҷмуъ хуб арзёби гардида нақша барои соли 2019 барои тасдиқ пешниҳод гардид.

 

 

 

Add comment

Security code
Refresh