TOJ :: RUS:: ENG

ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ ГУРӮҲИ ҶАВОНОНИ АВАНГАРД (ПЕШОҲАНГ) ДАР СОЛИ 2018 ВА НАҚШАҲО ДАР СОЛИ 2019

ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ ГУРӮҲИ ҶАВОНОНИ АВАНГАРД (ПЕШОҲАНГ) ДАР СОЛИ 2018 ВА НАҚШАҲО ДАР СОЛИ 2019 ФАЪОЛИЯТИ ГУРӮҲ ДАР ТАМОМИ САМТҲО БА ПЕШРАВИҲО НОИЛ ГАРДИДА НАҚШАҲОИ ШАШ МОҲАИ ДУЮМ НИСБАТ БА ШАШ МОҲАИ ЯКУМИ СОЛИ 2018 ДАР МАҶМУЪ 2,5 БАРОБАР ЗИЁД ИҶРО ГАРДИДААСТ.

108

Имрӯз (санаи 4 - уми январи соли 2019) дар толори конфронсии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҷамъбасти фаъолияти Гурӯҳи ҷавонони Авангард (Пешоҳанг) баргузор гардид. Дар вохурии мазкур рохбари Гурӯҳи ҷавонони Авангард (Пешоҳанг) Қодиров Фирӯз, Роҳбарони самтҳо аз донишгоҳу донишкадаҳо ва ҳамзамон аъзоёни фаъоли гуруҳ ширкат варзиданд. Дар ҷаласаи якҷоя, ҷамъбасти фаъолияти гуруҳ барои соли 2018 ва банақшагирии ғояхои тозаэчод баҳри фаъолияти гурӯҳ дар соли 2019 матраҳ карда шуданд.Дар рафти чорабини супоришҳо аз ҷониби роҳбарият ҷиҳати ҷоннок намудани фаъолияти гурӯҳ бахусус дар самти ташвиқу тарғиби сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои вазоифу супоришҳои ВКД ҶТ ба самъи иштироккунандагон расонида шуд. Инчунин ёдовари аз дастовардҳои соли 2018 ва муҳимияти онҳо баҳри фаъолияти минбаъда дарҷ гардида,аъзоёни фаъоли гурӯҳ фикру ақоиди навро баҳри пешбурди фаъолияти минбаъда ироа намуданд, ки аз тарафи роҳбарияти гурӯҳ қобили қабул карор гирифт.

109

Дар охири суҳбат роҳбари гуруҳи ҷавонони Авангард Қодиров Фирӯз аз номи Вазири корҳои дохилии Ҷумхурии Точикистон генерал полковники милитсия мухтарам Раҳимзода Рамазон Ҳамро 500 адад туҳфахои солинавӣ ва инчунин 100 адад симкорти кооперативӣ бо доштани имтиёзҳои муайян ба иштирокчиёни ҳамоиш туҳфа намуданд, ки ин нишондиҳандаи асосии таваҷҷуҳи бевоситаи муҳтарам Вазир ба ҷавонони баруманду фаъоли кишвар мебошад .
Бояд қайд намуд, ки туҳфахо аз тарафи роҳбари гуруҳ ба аъзоёни гурӯҳ, ки фаъолияти худро дар шаҳру нохияҳо пеш мебаранд равон карда шуданд.
Ҳамзамон мувофиқи нақшаи тасдиқгардида ҷамъбасти фаъолияти гурӯҳи ҷавонони Авангард дар тамоми шазру ноҳияхо ҷамъбаст гардида,накшаҳо барои соли 2019 тасдиқ карда мешаванд

Сангов Беҳзод Шарифович

Роҳбари гуруҳи ҷавонони

«Авангард» дар ш.Душанбе

Add comment

Security code
Refresh