TOJ :: RUS:: ENG

ДОНИШГОҲИ ТЕҲНОЛОГИИ ТОҶИКИСТОН

112

Санаи 18.01.2018 дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Конференсия илми-амали таҳти унвони "Ояндаи дурахшон аз имруз сарҷашма мегирад" баҳшида ба "Солҳои 2019-2021, Солҳои рушди деҳот, сайёҳи ва Ҳунарҳои мардуми" баргузор гардид. Дар кори конфронс муовинони Ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Шаҳзод, ва аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдукарим Курбонов, ҷавонони фаъол, Роҳбари гуруҳи ҷавонони Авангард (Пешоҳанг) Кодиров Фирўз Маҳмадуллоевиҷ Роҳбари аввалин Шурои донишҷуёни тибки квотаи Президенти таҳсилкунанда дар байни Муассисаҳои олии касбии кишвар Шарифджон Алимардонов ва дигар аъзоёни фаъоли гуруҳи Авангард иштирок ва суҳанрони намуданд.

Баромадкунандагон дар баромадҳои хеш кайд намуданд, ки бо мақсади ҷалби бештари сайёҳон ва ширкатҳои туристӣ бо дастгирии ҳукумати ҷумҳурӣ ва таваҷҷӯҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷандин санадҳои дахлдор ва барномаҳои давлатӣ, аз қабили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи туризм”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Консепсияи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2009-2019”, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,”Дар бораи Барномаи рушди туризм дар Тоҷикистон дар давраи солҳои 2015- 2017” қабул гардидаанд, дар дохили кишвар мунтазам намоишҳои байналмилалӣ ва ҷорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ ташкил карда мешаванд...

Сангов Беҳзод Шарифович

Роҳбари гуруҳи ҷавонони

«Авангард» дар ш.Душанбе

Add comment

Security code
Refresh