TOJ :: RUS:: ENG

МАҲФИЛИ ШЕЪРУ СУРУД ДАР Ш.КУЛОБ

 МАҲФИЛИ ШЕЪРУ СУРУД ДАР Ш.КУЛОБ

26.04.2019
Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. дар шаҳри Кулоб маҳфили шеъру суруди "Ҳамешабаҳор" ки дорои барномаҳои рангини пандомез мебошад барои ҷавонону сокинони шаҳр ташкил ва гузаронида шуд. Ғолибону чавононе, ки фаъол буданд ғолибони бахшҳо эътироф гардида аз номи Вазири корҳои дохилӣ қадрдони шуданд.
Дар рафти маҳфил даҳҳо нафар шоирону нависандагон, ҷавонон ва шахсиятҳое, ки дар рушди фарҳангу тарбияи ҷавонон саҳмгузор шуда буданд бо Ифтихорномаю Сипосномаҳо ва туҳфаҳои пуллӣ сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамзамон дар чорабини намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ; Сардори ХПҲНҶ ВКД полковники милитсия Фаттозода А.А., Сардори Маркази матбуоти ВКД полковники милитсия Умарҷони Э. Сардори ҚМ РВКД вилояти Хатлон дар шаҳри Кулоб, Сардори ШВКД дар шаҳри Кулоб, Роҳбари гурӯҳи ҷавонони "Авангард" (Пешоҳанг) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодиров Ф.М., Роҳбари гурӯҳи ҷавонони Авангарди минтақаи Кулоб Ҷалилов Меҳроб ва роҳбарияти шаҳр иштирок доштанд.
Дар анҷоми чорабини баҳри болидаруҳии сокинони шаҳр аз ҷониби ансамбли "Сипар"-и ВКД сурудҳои тару тозаро пешниҳод карда шуд.

212

217

213

214

215

216

218

               Роҳбари кадр ва кор бо ҳайати шахси 

                   гуруҳи ҷавонони «Авангард»
                             Сангов Беҳзод

Add comment

Security code
Refresh