TOJ :: RUS:: ENG

ҶАВОНОН ҲОМИИ СУЛҲУ ВАҲДАТ

 ҶАВОНОН ҲОМИИ СУЛҲУ ВАҲДАТ

02.05.2019 ш. Душанбе
Имрӯз тибқи нақша-чорабиниҳои ҷавонони гурӯҳи “Авангард” вохӯри бо донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар вохӯрӣ роҳбари гурӯҳи ҷавонони “Авангард” Қодиров Фирӯз, аъзоёни гурӯҳи Авангард Абдусаломов Мирзошариф ва Камолзода Муборакшо иштирок ва суханронӣ намуданд.
Роҳбари гурӯҳи ҷавонони “Авангард” Қодиров Фирӯз зимни маърӯзаи худ аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки бояд имрӯз аз ҳар лаҳзаи пеш зираку ҳушёртар бошанд ва фирефтаи гурӯҳҳои иртиҷоию экстремистие, ки ба воситаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ тарғибу ташвиқ мекунанд, нашаванд.Фирӯз Қодиров қайд намуданд,ки интернет пешрафтатарин ва зудафзояндатарин навъи расонаҳои рақамӣ мебошад. Он ба одамон озодии баён ва худидоракунии баёнро медиҳад, ки пештар ин номумкин буд. Интернет инчунин асоси технологияи нав мебошад, ки он ба муҳит ба таври фазояндаи тиҷорӣ ва расонаи маҳбуб рушд мекунад.
Ҳамзамон ёдовар шуд ки ҳангоми кор бо шабакаҳои иҷтимоӣ махсусан фейсбук ва однокласники бодиқаттар бошанд,чун аксари ашхосеро ки хорҷиён фирефта кардананд маҳз тавассути ана ҳамин шабакаҳо буданд ва таъкид ба амал овард,ки интернетро самаранок ва бомақсад истифода баранд.Сипас риштаи суханро аъзои гурӯҳи Авангард, Мирзошариф Абдусаломов идома дода, аз суханони Пешвои миллат ёдовар шуданд, ки Пешвои муаззами миллат тақрибан дар ҳама мулоқоту баромадашон зикр менамоянд, ки дар саргаҳи ҳама мушкилотҳо ин бесаводӣ меистад. Ҷавонон бояд имрӯз аз донишҳои муосиру замонавӣ бархӯрдор бошад. Ба ҳамин минвол вохӯрии мазкур бо саволу ҷавоби зиёди донишҷӯён ба анҷом расид.

218

220

Сангов Беҳзод 

Мирзошариф Абдусаломов

Add comment

Security code
Refresh