TOJ :: RUS:: ENG

Ҷавононанд ҳам меъмору ҳам нақоши оянда!

 Ҷавононанд ҳам меъмору ҳам нақоши оянда!

Санаи 02.05.2019 с дар муассисиаи таҳсилоти миёнаи умумии  № 37-и н. Рудакӣ вохӯрии Роҳбари гурӯҳи ҷавонони «Авангард» дар ш.Душанбе Сангов Беҳзод  бо зиёда аз 200 нафар  хонандагону омӯзгорони  ин муассиса доир гашт.

Дар ин вохӯри инчунин муовини Сардори Шуъбаи вазорати корҳои дохилии №2-и  н. Рудакӣ  подполковники милитсия  Ятимзода А.М, Сардори хадамоти  пешгирии хуқуқвайронкунии байни ноболиғон ва ҷавонони Шуъбаи вазорати корҳои дохилии №2-и н. Рудакӣ капитани-милитсия  Зокиров Амиралӣ,  Роҳбари ҷавонони «Авангард» н.Рудакӣ -2    Сулаймонзода Рустам ва нозири минтақави  иштирок  карданд.

Сараввал Муовини Сардори Шуъбаи вазорати корҳои дохилии №2-и н. Рудакӣ  подполковники милитсия  Ятимзода А.М. меҳмононро ба  ҳозирон шинос  намуда,  риштаи  суханро  ба Роҳбари  гурӯҳи ҷавонони «Авангард» дар шаҳри Душанбе  Сангов  Беҳзод доданд ба Роҳбари  гурӯҳи ҷавонони «Авангард» дар шаҳри Душанбе   Беҳзод Сангов миннатдории худро ба Роҳбарияти муасиса расониданд, ки тавонистанд вақти қимати  худро дареғ надошта дар ин барои иштироки хонандагон мусоидат намуданд. Сипас доир ба баланд бардоштани ҳисси ватандустӣ, худшиносии миллӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва даъвати  хонандагони фаъолу ташаббускор ба гурӯҳи ҷавонони «Авангард»  ҳарф  зад, ҳамзамон даъват ба амал овард, ки дар ҳар давру замон  дар кадом  шароите, ки набошад  зиракии сиёсиро  аз  даст  надиҳанд. Пасон   Роҳбари ҷавонони «Авангард» дар н.Рудакӣ Сулаймонзода Рустам  суханронӣ  намуда,  доир ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ҳарф зад. Муовини Сардори Шуъбаи вазорати корҳои дохилии №2-и н. Рудакӣ  подполковники милитсия  Ятимзода А. пасон  ҳарф  зада,  солҳои донишҷўияшро  ёдрас  намуда, ба хонандагон  таъкид  кард,  ки  хонанду ба халқу Ватан  хизмат  намоянд. Директори муассиса  дар охир  баромад  намуда  миннатдории  хешро  ба  Роҳбарияти гурӯҳи ҷавонони «Авангард»  ва кормандони  ҳифзи  ҳуқуқ  расонид, ки чунин суханҳои судманд иброз намуданд ва даъват намуд, ки ҳар  моҳ  агар имконият бошад  чунин  вохӯриҳои судманд  ташкил  карда  шавад ва дар охир хонандагон ва омузгорон  бо як қарсақи баланди мавҷдор меҳмононро хушомадед  гуфта  аз толор гусел намуданд.

  221

222

223

224

226

Сангов Беҳзод

Add comment

Security code
Refresh