TOJ :: RUS:: ENG

Вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ бо ҷавонони фаъоли гурӯҳи «Авангард» дар шаҳри Душанбе

 Вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ бо ҷавонони фаъоли гурӯҳи «Авангард» дар шаҳри Душанбе

 

Рӯзи 4-уми майи соли 2019 дар маҷлисгоҳи Академияи ВКД вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо 500 нафар ҷавонони фаъоли гурӯҳи «Авангард» баргузор гардид.

Қабл аз шурӯи чорабинӣ, як гурӯҳ курсантони ин боргоҳи илму маърифат дар саҳни Академия, ки хеле идона ороста шуда буд, дар назди меҳмонону ҷавонони кишвар, усули ба қисмҳо ҷудо кардану боз ҷамъ намудани силоҳи оташфишонро намоиш доданд.
Сипас, манзараи дигаре, ки таваҷҷуҳи ҳайати меҳмонон, алалхусус ҷавононро ба худ ҷалб намуд, ин зери навои мусиқӣ бо силоҳ дар даст иҷро кардани рақси махсус аз тарафи курсантдухтарони Академия буд.
Дар вохурӣ Вазири корҳои дохилӣ иброз намуд,ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати давлатии ҷавононро самти афзалиятнок шуморида,пайваста баҳри онҳо ғамхорихои падарона зоҳир менамояд,ин сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат имкон медиҳад,ки ҷавонони боғайрати миллат дар эъмори давлати соҳибистиклоли Тоҷикистон фаъолона ширкат намуда,обрӯ ва нуфузи онро дар арсаи байналмилалӣ боз хам боло намуда,номбардорони ин миллати куҳанбунёд гарданд.
Номбурда изҳори умед намуд, ки «ширкаткунандагони ҷамъомади мазкур, ки донишҷӯёну ҷавонони фаъоли мамлакат мебошанд, метавонанд дар масъалаи пешгирӣ намудан ва мубориза бурдан бо ин гуна зуҳуроти номатлуб, дар байни ҳамсолони худ корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ баранд».
Њамчунин дар вохӯри баромади Роњбари гурӯњи љавонони Авангард (Пешоњанг) дар Љумњури Тољикистон Кодиров Фирӯз Мањмадуллоевич оид ба фаъолияти гурӯҳи Авангард ва нақшаҳои оянда шунида шуд.
Дар дар рафти баромад Вазири корњои дохилӣ ба Роњбари гурӯњи љавонони Авангард (Пешоњанг) дар Љумњури Тољикистон Кодиров Фирӯз иброз доштанд, ки теъдоди љавонони Авангард дар тамоми манотиќи кишвар бозњам зиёд карда шаванд ва бањри ободии кишвари азизамон сањми арзандае гузоранд ва дар ин бобат љињати дар амал татбиќ намудани наќшањо оиди фаъоляти гуруњ ба масъулин дастурњои мушаххас дода шуд.
Ҳамзамон ба хатмкунандагон курси омӯзишии «Мактаби шуҷоат»-и Вазорати корҳои дохилӣ барои хатми бо муваффақ Сертификат аз номи Вазири корҳои дохили тақдим карда шуд.
Дар идомаи ҷамъомади бошукӯҳ миёни роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва чавонони фаъоли гурӯҳи Авангард табодули афкор сурат гирифт. Аз ҷумла, донишҷӯёну ҷавонони фаъоли гурӯҳи «Авангард» бо таклифу пешниҳодҳо баромад намуда, сипосу миннатдории худро ба созмондиҳандагони ҷамъомади мазкур баён дошта, қавл доданд, ки дар ҷавоб ба ҳама дастгириву ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кӯшиш менамоянд бо баҳои хубу аъло таҳсил карда, дар оянда барои халқу Ватан хизмат намоянд.
Сипас, бо фармони Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро барои ҳамкориҳои судманд бо ВКД, пешгирии ҳолатҳои шомил шудани ноболиғону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва саҳмгузорӣ дар кори таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ба ҷавонони фаъол, Ифтихорномаи фахрӣ ва Сипоснома тақдим гардид.
Дар интиҳои чорабинӣ, баҳри болидахотирии иштирокчиёни он барномаи фарҳангӣ-фароғатии кормандону курсантони Академияи ВКД пешкаш гардида, барои меҳмонон - ҷавонони фаъоли кишвар, дастархони идона ороста шуд.

227

228

229

230

231

232

234

235

236

237

            Сангов Беҳзод
           Роҳбари кадр ва кор бо
        ҳайати шахси гуруҳи Авангард

 

Add comment

Security code
Refresh