TOJ :: RUS:: ENG

ВОХӮРИИ СУДМАНД ДАР ШАҲРИ ИСТАРАВШАН

ВОХӮРИИ  СУДМАНД  ДАР ШАҲРИ  ИСТАРАВШАН

Санаи 06.05.2019  бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ дар Қасри фарҳанги шаҳри Истаравшан вохӯрии Сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонон Фатоҳзода А.А., Сардори маркази матбуотии ВКД  Умарҷони Эмомалӣ, Роҳбари гурӯҳи ҷавонони Авангард дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодиров Фирӯз, муовини раиси шаҳри Истаравшан Наимҷонзода Нигора, сардори ШВКД дар шаҳри Истаравшан Одиназода Фирӯз   бо зиёда аз 600 нафар сокинони шаҳри Истаравшан, собиқадорони меҳнату ҷанг, имомхатибони масҷидҳо, раисони ҷамоатҳо, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва касбӣ,директори муассисаҳо, гурӯҳи ҷавонони Авангарди шаҳри Истаравшан баргузор гардид. 

Сараввал муовини раиси шаҳри Истаравшан Наимҷонзода Нигора меҳмононро ба ҳозирон шинос намуда, қайд намуд,  ки масъалаи экстремизму терроризм яке аз масъалаҳои доғи руз буда имрӯз ҷомеаро ба ташвиш овардааст ва суханро ба Сардори ХПҲНҶ Фатоҳзода А.А вогузор намуд. Фатоҳзода сараввал миннаттдории худро ба рохбарияти шаҳр ва сокинон расониданд, ки дар як фазо бо ҳам ҷамъ шудаанд ва доир ба масъалаи шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифроти сухан намуда вазъияти ҷавононе ки дар мамлакатҳои ҷангзада қарор доранд арзёбӣ намуд. Аз давраҳо ва сабақҳои  даврони дар вазифаҳои гуногун фаъолият намудааш ёдовар шуда сабабҳо ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва пешгирии он ҳарф зад. Дар охири суханаш Ифтихорномаҳои фахрии ВКД ро ба аъзоёни фаъоли ҷомеа тақдим намуда сухагро ба сардори маркази матбуотии ВКД Умарҷони Эмомалӣ дод. Умарҷони Э.  доир ба одобу ахлоқ суханронӣ намуда қайд кард ки мусалмони ба хондани намозу рӯза нест балки мусалмони дар он аст, ки аз забони дили у касе озор наёбад. Аз китобҳои бузургони тоҷик мисолҳои фаровоне  бо тариқи назму наср оварда ҷавононро тарғиб намуд то аз ашъори гузаштагон баҳравар шаванд.Баъдан роҳбари гурӯҳи ҷавонони Авангард Қодиров Фируз суханронӣ намуда оиди ҳамкории аҳоли бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳарф зад. Таъкид намуд,  ки бояд байни ҳам равобити мустаҳкам дошта бошанд. Ҳамчунин аз роҳбарияти шаҳр хоҳиш намуданд,  ки барои зиёд намудани сафи аъзоёни гурӯҳи Авангард ва то ба 1000 нафар расонидани аъзоёни гурӯҳи ҷавонони  Авангард дар шаҳри Истаравшан мусоидат намоянд. Дар охир аз  ашъори шоир Ниҳонӣ ёдовар шуда ҷавононро барои омӯхтани илму дониш даъват намуданд. Дар фарҷом иштироккунандагон суханрони намуда савол,  таклифу пешниходи худро ба масъулин ироа намуда ҷавобҳои мушаххас гирифтанд. 

249

250

251

252

253

254

255

САНГОВ Б

ВОХӮРИИ  СУДМАНД  ДАР ШАҲРИ  ИСТАРАВШАН

Санаи 06.05.2019  бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ дар Қасри фарҳанги шаҳри Истаравшан вохӯрии Сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонон Фатоҳзода А.А., Сардори маркази матбуотии ВКД  Умарҷони Эмомалӣ, Роҳбари гурӯҳи ҷавонони Авангард дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодиров Фирӯз, муовини раиси шаҳри Истаравшан Наимҷонзода Нигора, сардори ШВКД дар шаҳри Истаравшан Одиназода Фирӯз   бо зиёда аз 600 нафар сокинони шаҳри Истаравшан, собиқадорони меҳнату ҷанг, имомхатибони масҷидҳо, раисони ҷамоатҳо, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва касбӣ,директори муассисаҳо, гурӯҳи ҷавонони Авангарди шаҳри Истаравшан баргузор гардид.

Сараввал муовини раиси шаҳри Истаравшан Наимҷонзода Нигора меҳмононро ба ҳозирон шинос намуда, қайд намуд,  ки масъалаи экстремизму терроризм яке аз масъалаҳои доғи руз буда имрӯз ҷомеаро ба ташвиш овардааст ва суханро ба Сардори ХПҲНҶ Фатоҳзода А.А вогузор намуд. Фатоҳзода сараввал миннаттдории худро ба рохбарияти шаҳр ва сокинон расониданд, ки дар як фазо бо ҳам ҷамъ шудаанд ва доир ба масъалаи шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифроти сухан намуда вазъияти ҷавононе ки дар мамлакатҳои ҷангзада қарор доранд арзёбӣ намуд. Аз давраҳо ва сабақҳои  даврони дар вазифаҳои гуногун фаъолият намудааш ёдовар шуда сабабҳо ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва пешгирии он ҳарф зад. Дар охири суханаш Ифтихорномаҳои фахрии ВКД ро ба аъзоёни фаъоли ҷомеа тақдим намуда сухагро ба сардори маркази матбуотии ВКД Умарҷони Эмомалӣ дод. Умарҷони Э.  доир ба одобу ахлоқ суханронӣ намуда қайд кард ки мусалмони ба хондани намозу рӯза нест балки мусалмони дар он аст, ки аз забони дили у касе озор наёбад. Аз китобҳои бузургони тоҷик мисолҳои фаровоне  бо тариқи назму наср оварда ҷавононро тарғиб намуд то аз ашъори гузаштагон баҳравар шаванд.Баъдан роҳбари гурӯҳи ҷавонони Авангард Қодиров Фируз суханронӣ намуда оиди ҳамкории аҳоли бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳарф зад. Таъкид намуд,  ки бояд байни ҳам равобити мустаҳкам дошта бошанд. Ҳамчунин аз роҳбарияти шаҳр хоҳиш намуданд,  ки барои зиёд намудани сафи аъзоёни гурӯҳи Авангард ва то ба 1000 нафар расонидани аъзоёни гурӯҳи ҷавонони  Авангард дар шаҳри Истаравшан мусоидат намоянд. Дар охир аз  ашъори шоир Ниҳонӣ ёдовар шуда ҷавононро барои омӯхтани илму дониш даъват намуданд. Дар фарҷом иштироккунандагон суханрони намуда савол,  таклифу пешниходи худро ба масъулин ироа намуда ҷавобҳои мушаххас гирифтанд

Add comment

Security code
Refresh