TOJ :: RUS:: ENG

МАҲФИЛИ ШЕЪРУ СУРУД ДАР ШАҲРИ ИСТАРАВШАН

 МАҲФИЛИ ШЕЪРУ СУРУД ДАР ШАҲРИ ИСТАРАВШАН

Санаи 06.05.2019с нимаи дуюми руз дар Қасри фарҳанги шаҳри Истаравшан маҳфили "Ҳамешабаҳор"-и шоири халқии Тоҷикистон Хайрандеш бо зиёда аз 550 нафар сокинону хонандагону донишҷӯёни шаҳри Истаравшан баргузор гардид. Дар ин маҳфил Сардори хадамоти пешгири ҳуқуқвайронкуни байни ноболиғон ва ҷавонон Фатоҳзода А.А, Сардори маркази матбуотии ВКД Умарҷони Эмомалӣ, Роҳбари гурӯҳи ҷавонони Авангард Қодиров Фирӯз ва аъзоёни фаъоли "Авангард"-и аз ш. Душанбе ва ш. Кӯлоб ҳузур доштанд. Маҳфил бо як сатҳи баланд гузашта аз ҷониби иштирокчиён олӣ қабул шуд. Иштирокчиён дар ин маҳфил мақоми шеърро ба арши аъло расониданд. Ансамбли" Шашмақом"-и шаҳри Истаравшан ва аъзоёни фаъоли Авангард ҳамроҳи Умарҷони Эмомалӣ маҳфилороёни ин базм буданд. Дар охир ғолибон бо Ифтихорнома ва Сипосномаҳои фахрии Вазири корҳои дохилӣ ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ шуданд.

256

257

258

259

260

261

262

САНГОВ Б

Add comment

Security code
Refresh