АКАДЕМИЯИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Санаи 17.05.19 дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи " Ҷавонони соҳибистиқлол қувваи пешбарандаи ҷомеъа" бахшида ба "Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон " баргузор гардид. Дар кори мизи мудаввар муовини сардори Академия полковники милитсия Асламов Б.Р., Сардори кафедраи ҳифз дар ҳолатҳои фавқулода Нуруллозода М., Роҳбари гурӯҳи ҷавонони "Авангард" (Пешоҳанг) Қодиров Ф.М., Раиси Шурои ҷавонони Академия Мардонов С., корманди Донишкадаи сарҳадии КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳоди М ва дигар меҳмонону ҷавонони фаъоли кишвар иштирок ва суханрони намуданд.
Дар охири чорабини ба фаъолоне, ки дар чорабиниҳои Академия фаъолона иштирок доштанд аз номи Сардори Академияи Вазорати корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия муҳтарам Шарифзода Ф.Р. Сипоснома тақдим карда шуд.
Сангов Беҳзод
Роҳбари кадр ва кор бо
Ҳайати шахси гуруҳи Авангард